Дар Душанбе дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2024 рӯнамоӣ гардид

Апрель 6, 2023 14:05

ДУШАНБЕ, 06.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 дар ҷаласае дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо иштироки намояндагони вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират  ва шуғли аҳолӣ рӯнамоӣ ва муаррифӣ карда шуд, иттилоъ додааст АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

Дар ҷаласа доир ба  Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 ибрози назар карда шуд. Гуфта шуд, ки дурнамои мазкур ҷиҳати иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъсиси ҷойҳои кории нав, омода намудани кадрҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани сифати таълим, бунёди мактабҳои нави замонавӣ, таъсиси неругоҳҳои барқии обии хурд, офтобӣ ва бодӣ, инчунин зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ ва дар маҷмуъ, таъмини шароити мусоид барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат таҳия карда мешавад.

Таъкид гардид, ки  ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 бояд ба ҷанбаҳои сифатии рушд ва муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ таваҷҷуҳи махсус дода шавад. Аз ин рӯ, дар ин раванд аз ҷониби намояндагони вазоратҳои мазкур рӯнамоии дурнамои нишондиҳандаҳои соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, инчунин маориф ва илм дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 муаррифӣ карда шуд.

    АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 6, 2023 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад