Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» баргузор мешавад

Апрель 24, 2023 10:07

ДУШАНБЕ, 24.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 7 май дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт  Намоишгоҳи байналмилалии универсалии  «Тоҷикистон-2023» баргузор мешавад. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки созмондиҳандаи ин намоишгоҳ мебошад, хабар медиҳад.

Таблиғи маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ, роҳандозӣ ва густариши равобити тиҷоратӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ дар макони баргузории намоиш ва ҳамоиши соҳибкорон ҳадафи аслии намоишгоҳ  арзёбӣ мегардад.

Дар назар аст, ки дар намоишгоҳ ширкатҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ  аз  Тоҷикистон, Малайзия, Эрон, Туркия, Қазоқистон, Русия, Узбекистон, Беларус ва дигар давлатҳо маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузоранд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Апрель 24, 2023 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад