Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе майдончаи варзишии замонавӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 23.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва раванди корҳои бунёдию созандагӣ дар мамлакат аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе майдончаи муосири варзишӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби мамлакат иттилоъ медиҳад.
Дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, бо шароити фароҳамоварда шинос шуд ва ба сифати корҳои анҷомёфта дар ин иншооти варзишӣ баҳои баланд дод.
Ҳамзамон аз роҳбарият ва омӯзгорони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе даъват ба амал оварда шуд, ки шароити дар майдончаи варзишӣ муҳайёгардидаро самаранок истифода намуда, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим байни донишҷӯён, рушди варзиш, ки гарави саломатӣ аст, инчунин соҳибилм намудани донишҷӯён ва тарбияи онҳо дар руҳияи садоқат ба Ватан саъю талош намоянд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






