Дар Конибодом дар майдони зиёда аз 40 гектар коркарди кимиёвӣ бар зидди малах гузаронида шуд

Апрель 6, 2023 19:49

ДУШАНБЕ, 06.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодом то 4 апрел дар майдони зиёда аз 40 гектар коркарди кимиёвӣ бар зидди малах гузаронида шуд. Дар ин хусус зимни баргузории Ситоди вилоятӣ оид ба чорабиниҳои мубориза бар зидди малах ва ҳашароти зараррасони зироати кишоварзӣ ва боғу токзор иттилоъ дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ситоди вилоятӣ дар  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, ки дар кори он роҳбари Ситоди ҷумҳуриявӣ, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони муассисаҳои давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди  малах», «Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ»,  муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, сардори сарраёсати кишоварзии вилоят ва дигар масъулин иштирок намуданд.

Ситод дар ду марҳила доир гардид, ки дар қисми амалӣ истифодаи дорупошаки муосир, усулҳои дурусти истифодаи либосҳои махсуси кормандони мавсимӣ, меъёрҳои истифодаи заҳрдоруҳо, гузаронидани мушоҳида ва коркарди мавзеъҳои паҳнгаштаи малах намоиш дода шуд.

Дар ҷараёни кори ҷаласа вобаста ба чораҳои мубориза бар зидди малах, касалӣ ва ҳашароти зараррасони зироати кишоварзӣ ва боғу токзор, кишти саривақтии зироат ва дигар масъалаҳои соҳаи агросаноатӣ сухан гуфта шуд.

Мувофиқи мушоҳидаи мутахассисон, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки дар онҳо малах паҳн гаштааст, нақшаи коркард 35 130 гектарро ташкил медиҳад. Хуруҷи малах дар ҳудуди заминҳои чарогоҳҳои шаҳри Конибодом ба қайд гирифта шудааст.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 6, 2023 19:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд