Дар шаҳри Турсунзода парвариши пахтаи навъи «лодос» ба роҳ монда мешавад

Апрель 18, 2023 09:08

 ДУШАНБЕ, 18.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел дар хоҷагии деҳқонии «Самир»-и шаҳри Турсунзода, ки асосан ба парвариши тухмии босифати зироати кишоварзӣ, бахусус пахта машғул аст, ба парвариши тухмии пунбадонаи туркӣ бо номи «лодос» оғоз карда шуд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри мазкур хабар медиҳад.

Тухмии пунбадонаи «лодос» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пахтакорони шаҳри Турсунзода дастрас гардида, кишти он ҳамчун таҷриба имсол дар майдони 50 гектар ба роҳ монда мешавад. Дар ҷараёни кишти пунбадона роҳбарияти  шаҳри Турсунзода ва собиқадорони соҳа иштирок намуда, ба кишоварзон маслиҳати муфид доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки тухми пунбадонаи «лодос» ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ буда, дар натиҷаи парвариши босифати он метавон то 50 сентнер ҳосил рӯёнид.

Роҳбарияти хоҷагии деҳқонии «Самир» нақша дорад, ки тухми пунбадонаро зиёд намуда, ба таъмини минбаъдаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рушди соҳаи пахтакорӣ замина гузорад.

Дар маҷмуъ, тибқи дурнамо кишоварзони шаҳри Турсунзода ният доранд, ки дар майдони 1000 гектар пунбадона кишт кунанд. То имрӯз майдони киштшуда зиёда аз 500 гектарро ташкил медиҳад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Турсунзода

Апрель 18, 2023 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд