Дар Тоҷикистон ба муддати 3 моҳ моҳигирӣ манъ карда шуд

Апрель 18, 2023 14:29

ДУШАНБЕ, 18.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба давраи тухмгузории моҳиҳо  қариб 3 моҳ дар дарёву кӯлҳои Тоҷикистон ҳама гуна сайди моҳӣ манъ аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мамнуъият аз 1 апрел оғоз гардида, то 15 июн идома меёбад.

«Дар ин давра дар саросари ҷумҳурӣ амалиёти фаврӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ мунтазам гузаронида мешавад, зеро сайди моҳӣ дар ин давра метавонад ба нигоҳдорӣ ва такрористеҳсоли моҳӣ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ расонад.  Барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва қоидаҳои моҳидорӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст», — иттилоъ доданд дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ.

Тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонуншиканон- шахсони ҳуқуқӣ аз се то панҷ, шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ ва шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима карда мешаванд.

Бо мақсади иҷрои фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ, дар давраи тухмгузории соли 2023 аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан амалиёти фаврӣ гузаронида шуд. Ба роҳбарони бозорҳо барои дар давраи тухмгузорӣ ба хариду фурӯш роҳ надодан амрнома дода шуд. Инчунни дар байни фурӯшандаҳои нуқтаҳои моҳифурӯшӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, лавҳаҳои иттилоотӣ насб гардид.

Давоми 15 рӯзи аввали давраи манъи сайди моҳӣ дар ҷумҳурӣ  санадҳои азназаргузаронӣ, 5 амрнома ва 1 протокол оид ба хариду фурӯши моҳӣ тартиб дода шуд.

 АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нази Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 18, 2023 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид