«ДИЛИ Ӯ РАВШАН АЗ СӮЗИ ДАРУН БУД». Дар Душанбе маҷмуаи тозанашр муаррифӣ карда шуд

Апрель 27, 2023 15:44

ДУШАНБЕ, 27.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе китоби «Дили ӯ равшан аз сӯзи дарун буд», ки ба ҳаёту фаъолияти собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»-нашрияи Парлумони мамлакат Бобоҷон Абдулвоҳид бахшида шудааст, муаррифӣ гардид.

Маҷмуа аз се бахш иборат буда, намунаҳо аз осори журналистии Бобоҷон Абдулвоҳид, аксҳо аз лаҳзаҳои корӣ ва дар ҳалқаи пайвандон, инчунин меҳрномаҳои ҳампешагону ҳамнишинонро дар бар мегирад.

Ба гуфтаи мураттиби китоб Шарофат Абдулвоҳидова, ба се бахш ҷудо гардидани муҳтавои китоб ба хотири осонхон шудан ва калид ба дасти хонанда додан аст.

Бахши аввал «Ҳамсадои мардум» ном дошта, намунаҳо аз осори журналист дар тӯли солҳои 1976-2008-ро фаро гирифтааст, ки матолиби гуногунмавзуъ ва гуногунжанри он дар саҳифаҳои нашрияҳои «Роҳи ленинӣ», «Ҳақиқати Хатлон» ва «Садои мардум» ба табъ расидаанд. Ин намунаҳо муште аз хирвори рӯзноманигории Бобоҷон Абдулвоҳид, гувоҳи касбият-тезкорӣ, эҳсоси набзи рӯз, расидагӣ ба дарду ниёзи мардум, дарки муҳимияти мавзуъ, огоҳӣ аз раванди воқеаву ҳодисоти айём аст, ки журналист дар ҳар давру айём бояд соҳиби он бошад.

Унвони бахши дуюм «Аксҳои гӯё» худ бозгӯйи ҳол аст. Ҳар акс инъикоси як лаҳза аз рӯзгорони бо ҳадаф, бо хоҳиш, бо ваколат, бо салоҳият, бо ният, бо орзу сипаридаи Бобоҷон Абдулвоҳид мебошад, ки ҳоло лаҳзаҳои ёдгори умр гардидаанд.

Мураттиби маҷмуа бахши сеюмро «Аз ёдҳо, аз ёдҳо» унвон додааст. Шарикдарсони донишгоҳӣ, ҳамкасбони овони ҷавонӣ, ҳамқаламони ҳамкори солҳои охир дар пораёдҳо меҳру сипоси ошноиро ба ҷӯраи ҳамнишин, ба шарикдарси муҳиб, ба роҳбари сахтгиру меҳрубон, ба сарбони ғамхори оила баён дошта, хотири рӯзноманигорро пос доштаанд.

Ҳамзамон хонандагон имкон доранд намунаҳои мақолаҳои рӯзноманигор, аз ҷумла «Маҷлиси хонагӣ», «Пош бо дасти табаррук дони аввал», «Боз як соли ғаму шодӣ гузашт…», «Агар дар ҳарфи ман дидӣ хатое…», «Ду гулдаста» ва дигар матлабҳои ҷолибро мутолиа намоянд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 27, 2023 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд