«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Ин филм дар маконҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон ба навор гирифта мешавад

Апрель 22, 2023 17:08

ДУШАНБЕ, 22.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 апрел гурӯҳи эҷодии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба таҳияи филми ҳунарии таърихии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» бо мақсади интихоби маконҳои наворбардорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.

Гурӯҳи эҷодии Ҷумҳурии Узбекистон дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи эҷодии ҷониби Тоҷикистон тӯли се рӯз аз маконҳои таърихию сайёҳии мамлакат, аз ҷумла масҷиди Ҳазрати Мавлоно, Кохи Наврӯз, Қалъаи Ҳисор ва манзараҳои дилфиреби шаҳри Норак дидан намуда, маконҳои мувофиқро барои наворбардории саҳнаҳои филми ҳунарии муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» интихоб менамоянд.

Гурӯҳи эҷодии Ҷумҳурии Узбекистон ҳамзамон аз павилионҳо, толори Мактаби кинематографистони ҷавони муассисаи «Тоҷикфилм»  ва кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров боздид ба амал оварданд.

Ёдовар мешавем, ки филми ҳунарии таърихии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон ба  навор гирифта  мешавад.

АКС: «Тоҷикфилм» 

Апрель 22, 2023 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад