Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2023» оғоз гардид

Апрель 27, 2023 19:30

ДУШАНБЕ, 27.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2023» бо шукуҳи хосса оғоз гардид.  

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар маросими ифтитоҳи Фестивал-озмун роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли ҳунару санъати мамлакат иштирок намуданд.

Пас аз маросими ифтитоҳ парчами Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2023» афрохта шуда, аъзои ҳакамон муаррифӣ гардид.

Тазаккур дода шуд, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон театрҳои касбии мамлакат ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.

Иброз гардид, ки имсол Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2023» ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 85-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев бахшида мешавад.

Фестивалро намоиши Театри давлатии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар аз рӯи асари А. Фирдавсӣ «Зол ва Рудоба» дар таҳияи режиссёр Баҳром Қурбонов ҳусни оғоз бахшид.


Ёдовар мешавем, ки Хушназар Майбалиев коргардони театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ  буда, зиёда аз панҷоҳ спектакл, аз қабили «Дӯсти дӯст», «Захми забон», «Фарёди ишқ», «Беватан», «Ибтидо»,  «Машварат», «Писари калонӣ», «Ваня тағо», «Антигона», «Муфаттиш», «Дод аз дасти ақл» ва ғайраро рӯи саҳна оварда, дар беҳбуд ва равнақи санъати театри тоҷик ҳиссаи назаррас гузоштааст.

Мавсуф дар ҷодаи коргардонӣ аз василаҳои гуногун истифода бурда, барои ноил шудан ба мақсади ниҳоӣ ҳеч гоҳ тан ба фароғат намедод. Бо дигар театрҳои касбии ҷумҳурӣ ҳамеша дар робитаи эҷодӣ қарор дошт ва донишу таҷрибаашро ба ҷавонони навкор ёд медод.

Бояд гуфт, ки дар фестивали мазкур 18 театри касбии мамлакат намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир рӯи саҳна омадаанд, пешниҳоди тамошобинон ва ҳакамони озмун мегардонанд.

Инчунин дар доираи фестивал баргузории ду ҳамоиш- яке дар мавзуи «Хушназар Майбалиев – арбоби барҷастаи санъати тоҷик» ва «Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон» дар назар аст.

Мавриди тазаккур аст, ки Фестивал-озмуни «Парасту» аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ гузаронида мешавад.

 София ШОИК,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Апрель 27, 2023 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд