Имрӯз дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор шуд

Апрель 4, 2023 17:47

ДУШАНБЕ, 04.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Табодули мол байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон соли сипаригардида беш аз 6 миллион долларро ташкил дод. Чунин гуфта шуд дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон, ки дар арафаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳадаф аз баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон пайдо намудани роҳу имконияти сармоягузорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, энергетика, сайёҳӣ, нақлиёт, логистика, кишоварзӣ, технологияҳои нав ва рушди содирот мебошад.

Дар Форуми сармоягузорӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ва муовини Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиб Мамедов доир ба роҳҳои тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷалби сармояи Озарбойҷон ба иқтисоди Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

Гуфта шуд, ки зарфи солҳои охир бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев ҳамкории гуногунҷанбаи байни ду давлат ба сатҳи сифатан нав баромада, баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, ҷалби сармояву воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкории дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

Тазаккур дода шуд, ки баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар самти таҳкими ҳамкории тиҷоратӣ ва сармоягузории ду давлат нақши муассир хоҳад гузошт. Таъкид гардид, ки байни ду давлат иқтидорҳои бузурги тиҷоратию сармоягузорӣ вуҷуд доранд, ки дар оянда истифодаи он ба манфиати ҳар ду мамлакат хоҳад буд.

Дар Форум имконияти сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаҳои саноат, савдо, энергетика, сайёҳӣ, бахши хусусӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон муаррифӣ гардид. Таъкид шуд, ки ду давлате, ки ба истифода аз имконоти муносиб ҳавасманд мебошанд, метавонанд дар оянда бо мақсади ҷалби сармоя ҳамкории густурда ба роҳ монда, онро дар соҳаҳои афзалиятнок тақвият диҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи омори расмӣ, соли 2022 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 6,2 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,1 миллион доллар ё 1,6 фоиз коҳиш ёфтааст. Дар сохтори савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ҳиссаи 0,1 фоиз ҷойи 37-ро ишғол мекунад. Дар соли 2022 содироти мол ба Озарбойҷон ба 0,4 миллион доллар ва воридот ба 5,8 миллион доллар баробар гардид. Сохтори содиротро асосан таҷҳизоти механикӣ, дегҳо ва коғазу картон, воситаҳои нақлиёти заминӣ, пахта ва сохтори воридотро равғани ҳайвонот ва растанӣ, тухмиҳои равғанҳо, нафт ва маҳсулоти нафтӣ, пластмасса ва маҳсулоти аз он омодагардида, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, чой, шакар ва дигар молҳо ташкил медиҳанд.

 

Дар Форуми сармоягузорӣ доираҳои соҳибкорию сармоягузории ҳар ду давлат, ки беш аз 200 нафарро аз ҳар ду ҷониб ташкил медод, аз ҷумла роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон, намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаҳои саноат, энергетика, тиҷорат, нақлиёт, коммуникатсия, логистика, хӯрокворӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок иштирок намуданд. Дар доираи Форум ба доираҳои соҳибкорию сармоягузории Озарбойҷон фазо ва имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноат, энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо тавассути монитор рӯнамоӣ ва муаррифӣ карда шуд.

Дар ҳошияи Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорию сармоягузории ду давлат ба имзо расонида шуд. Инчунин мулоқоти доираҳои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар сиғаи B2В –соҳибкор бо соҳибкор баргузор гардид.

Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳайати соҳибкорию сармоягузории Озарбойҷон таҳти роҳбарии муовини вазири иқтисоди Озарбойҷон Соҳиб Мамедов нимаи дуюми 4 апрел ба Душанбе омад.

Марзия САИДЗОДА,
Тоҳирҷони САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»

Апрель 4, 2023 17:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон раванди татбиқи низоми рамзгузории электронии гурӯҳҳои муайяни молҳо амалӣ мегардад
Лоиҳаи сохтмони роҳу пулҳо дар Бадахшон барандаи ҷоизаи байналмилалии FIDIC Contract Users’ Awards-2025 гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми киберҳуқуқии Осиёи Марказӣ–2025 иштирок намуд
Оид ба маблағгузории устувор дар Тоҷикистон машварат баргузор гардид
Сокинони деҳаи Фуруғдеҳи ноҳияи Хуросон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар ноҳияи Ёвон кишти картошка идома дорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтон аз охири моҳи ноябр ва аввали декабр оғоз мегардад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир мегардад
Ассамблеяи СММ оид ба муҳити зист қатъномаи Тоҷикистонро оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера қабул намуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони ноҳияи Ёвон заминҳои наздиҳавлигиро оқилона истифода мебаранд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд майдони гармхонаҳои инноватсионӣ зиёд мегардад
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 16 навъи меваи ситрусӣ парвариш меёбад