Пагоҳ дар Тоҷикистон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ- «Парасту — 2023» оғоз меёбад

Апрель 26, 2023 16:52

ДУШАНБЕ, 26.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 27 апрел, соати 17:30 дар Театри давлатии академии  опера ва балети  ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту — 2023» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Озмуни мазкур бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 85-солагии Ҳунарпешаи  халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев бахшида мешавад.

Ҳадафи фестивал-озмун аз рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстиву ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ иборат мебошад.

Дар Фестивал-озмун  18 театри касбии ҷумҳурӣ  иштирок карда, ба он беҳтарин намоишҳое пешниҳод мешаванд, ки  тӯли солҳои 2021-2022 рўи саҳна омадаанд. Натиҷагирии фестивал-озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон аз ҳисоби мунаққидон ва коршиносони соҳаи театрии мамлакат гузаронида шуда, инчунин дар ҷараёни баргузории фестивал-озмун ду  ҳамоиш дар назар аст: «Хушназар Майбалиев – арбоби барҷастаи санъати тоҷик» ва «Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон».

Дар ин ҳамоишҳо андешаҳои мунаққидон ва театршиносон дар бораи асарҳои ба фестивал-озмун пешниҳодшуда шунида мешаванд.

Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии   театрҳои касбӣ – «Парасту» анъанавӣ буда,  дар ду сол як маротиба баргузор мешавад ва  дар он театрҳои касбии  тамоми манотиқи мамлакат иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки маросими пӯшидашавии Фестивал- озмун 4   май, соати 17:30 дар Театри давлатии академии  опера ва балети  ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.

АКС аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон

Апрель 26, 2023 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад