Рӯзҳои наздик дар Кӯшониён ҷамъоварии картошка оғоз меёбад
БОХТАР, 04.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба наздикӣ дар ноҳияи Кӯшониён ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ оғоз меёбад. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Тавре дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён маълумот доданд, ҳамасола тибқи нақша деҳқонон картошкаро дар майдони 500 гектар кишт мекунанд.
«Барои он ки ҳосили баланди картошка ба даст ояд, тухмиҳои хушсифат истифода бурда мешаванд»,-баён дошт манбаъ.
Бояд тазаккур дод, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки дар шароити иқтисодии ҷаҳон таҳкими корҳо ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки замин, ба даст овардани се-чор ҳосил ва ташкили захираи дусолаи ғизо барои ҳар оила зарур аст.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд






