«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Ҳисор даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Апрель 26, 2023 12:10

 ҲИСОР, 26.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бо мақсади дар руҳияи зебоипарастӣ тарбия намудани бонувон, ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, бахусус, густариши ҳунари чакандӯзӣ байни занону духтарон, инчунин таҷассуми нақшу нигори миллӣ дар матоъ ва ташвиқу тарғиби либоси миллӣ даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Дар ин  хусус  котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  иттилоъ дод.

Дар ҳамоиш тарроҳону чакандӯзон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, литсею коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилотию томактабӣ иштирок карда, ҷавондухтарон ва писарон намунаҳои зиёди либоси чакан ва пероҳану тоқиҳои бо нақшу нигори миллӣ ороёфтаи писаронаро, ки муаррифи фарҳанги дирӯзу имрӯзи тоҷикон буд, ба намоиш гузоштанд.

Дар анҷоми  ҳамоиш ба беҳтарин муаррифони либоси миллӣ, тарроҳону чакандӯзон ва чаканпӯшон сипосномаю туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.

Ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр бо истифода аз сарулибоси миллӣ барномаи рангини театриро иборат аз шеъру тарона ва рақсҳои ҷолиб пешкаши иштирокчиён намуданд, ки сазовори истиқболи гарму самимии тамошобинон гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Апрель 26, 2023 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд