«Саноатсодиротбонк» ва «Бонки рушди Қазоқистон» табодули таҷриба менамоянд
ДУШАНБЕ, 25.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24-25 апрел дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи 17-ми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ ва муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Роман Скляр баргузор гардид, раиси Раесати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшоҳ Бобозода суханронӣ намуда, доир ба ҳамкории байнибонкӣ бо ҷониби Қазоқистон пешниҳодҳои муфид манзур намуд.
Дар натиҷа чонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки «Саноатсодиротбонк» якҷо бо ҶС «Бонки рушди Қазоқистон» доир ба табодули таҷриба байни кормандон пайваста чорабиниҳо доир менамоянд.
Дар баробари ин, ҷиҳати бо хизматрасониҳои молиявӣ таъмин намудани гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ байни бонкҳо мақсаднок арзёбӣ карда шуд.
Инчунин ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ аз Минтақаҳои озоди иқтисодии Қазоқистон боздид ба амал оварда, бо таҷрибаи ҷониби Қазоқистон дар ин самт шинос шуданд.
АКС: «Саноатсодиротбонк»











Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1464 то 11.0800 сомонӣ муқаррар шудааст
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид






