Шарҳи матбуоти даврӣ аз АМИТ «Ховар»

Апрель 22, 2023 18:11

ДУШАНБЕ, 22.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Матбуот пули устувор байни оммаи васеи халқ ва ҳокимияти давлатӣ аст. Матбуот чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад ва ҷамъиятро аз бисёр нокомиҳо ва падидаҳои зараровар раҳоӣ мебахшад» — Эмомалӣ Раҳмон.

Натиҷаи таърихии исёни Муқаннаъ бунёди давлати миллии Сомониён буд

Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» аз 19 апрел (шумораҳои 81-82) бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ таҳти сарлавҳаи «Аҳамияти асарҳои ватандӯстонаи Айнӣ» мақолаи пурмуҳтаво  нашр кардааст. «Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» аз очеркҳои муҳими замони ҷанг маҳсуб мешаванд. Устод Айнӣ дар онҳо аз муборизаи қаҳрамононаи халқи тоҷик дар замони гузашта бар зидди аҷнабиён нақл менамояд. Агар устод Айнӣ дар очерки «Исёни Муқаннаъ» аз ҷониби араб истило шудани Ватан ва корнамоии Муқаннаъро (асриVII) ба қалам дода бошад, дар очерки «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» (асри 13) аз истилои муғул ва муборизаи Темурмалик бар зидди муғулон қисса менамояд. Воқеан, дар байни асарҳои насрие, ки устод Айнӣ дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон навиштааст, очеркҳои таърихии ӯ — «Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» аз беҳтарин асарҳои нависанда маҳсуб мешаванд», — навиштааст муаллиф ва дар идома мундариҷаи ин ду очерки таърихӣ, ягон зарра кам нашудани аҳамияти сиёсӣ, ватандӯстӣ, тарбиявии асарҳои Айниро таъкид кардааст. Устод Айнӣ дар очерки таърихии «Исёни Муқаннаъ» оид ба вазъи ҷамъиятӣ ва сиёсии Хуросону Мовароуннаҳр, ҳуҷуми арабҳо, шӯришҳову исёнҳои Язак, Ғурак, Абумуслим, Сунбоду Муқаннаъ маълумот дода, мақсади асосии қаҳрамонони халқи тоҷикро мубориза бар зидди аҷнабиён, озод кардани Ватани худ аз онҳо, ба даст овардани истиқлол ва ташкили як давлати мустақили миллӣ медонад: «Чунонки мақсади охирини Абумуслим таъсиси як ҳукумати миллӣ дар Хуросон, Мовароуннаҳр ва вилоятҳои умумии форсизабонон буд, Муқаннаъ ҳам ҳамин мақсадро дар пеши назар дошт…». Мутаассифона, орзуҳои Абумуслиму Муқаннаъ бо сабабҳои айнӣ, ҷомаи амал намепӯшанд ва шӯришҳои онҳо бераҳмона пахш карда мешавад, аммо ба ҳар ҳол ба қавли устод Айнӣ, «натиҷаи аввалини исёни Муқаннаъ ҳамин шуд, ки тухми умеди истиқлоли миллиро дар дили мардуми Хуросон кишт ва онҳоро ба ҳамин омӯхт, ки фурсати муносибе ёбанд ва баҳонае ба даст дароранд, ба муқобили арабҳои истилогар хуруҷ намоянд ва дар роҳи ба даст даровардани истиқлоли миллӣ ҷангу ҷидол кунанд…».
Дар ҳақиқат, ҳамин муборизаҳои истиқлолхоҳонаи мардуми Хуросону Мовароуннаҳр, бахусус қаҳрамононе, чун Абумуслиму Муқаннаъу Яҳёи Бармакӣ ва дигарон буд, ки тоҷикон охируламр ба ташкили давлатҳои нисбатан мустақили миллӣ, аз ҷумла Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён даст ёфтанд.

Ҳамчунин дар ҳафтаи равон нашрияи «Ҷумҳурият» шумораҳои 79 аз 17 апрел ва 80 аз 18 апрелро бо хабару мақолаҳо ва гузоришҳо аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ пешкаши хонандагон кардааст.

Ватан модари мост, онро бояд сидқан дӯст дошт

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» дар шумораи 54 аз 17 апрел қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъйиноти кадрӣ ба нашр расонида, дар бораи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 55-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии аъзои ИДМ хабари расмӣ нашр кардааст. Нашрия ҳамчунин бо сарлавҳаи «Порае аз таърих» оид ба ҳолати хуби Осорхонаи устод Садриддин Айнӣ, робитаи доимии адибону олимони шинохта бо Осорхонаи мазкур мавод чоп кардааст. «Дар маҷлисгоҳи Осорхона пайваста ҳамоишҳои илмӣ ва маҳфилҳои адабӣ баргузор мешавад, яъне набзи осорхонаи устод Айнӣ бо набзи ҳаёти илмиву адабии мамлакатамон ҳамнаво аст», — гуфтааст директори Осорхонаҳои муттаҳидаи адабӣ-ёдгорӣ А. Абдураҳимов. Мақолаи дигаре, ки нашрияи «Садои мардум» чоп кардааст, ба мавзуи муҳим – иҷрои хизмати ҳатмии ҳарбӣ, балки саркашӣ кардани баъзе ҷавонон аз даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ бахшида шудааст. Муаллиф менависад: «Моҳи марти соли 2023 Суди ноҳияи Файзобод нисбат ба ҷавони 23-сола, сокини деҳаи Устошамси деҳоти «Мис­кинобод» Қосимов Бахтовар Бегиҷонович, ки худро аз хизмати аскарӣ канор гирифта, ба Русия рафта буд, ҳукм баровард. Нисбат ба номбурда дар маҷлиси судӣ, ҳарчанд аз карда пушаймон буданашро изҳор намуд, ҷазо дар намуди ҷарима дар ҳадди сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробар ба 6400 сомонӣ) татбиқ шуд. Мутаассифона, ҷавононе ҳастанд, ки бо нияти гурез аз хизмати ҳарбӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, баъзан то 27- солагӣ ба зодгоҳашон барнамегарданд ё оянд ҳам, бо роҳу воситаҳои гуногун аз хизмат рӯ метобанд». Муаллифи мақола иброз доштааст, ки яке аз сабабҳои канораҷӯӣ аз хизмати аскарӣ он аст, ки баъзеҳо бо овозаҳои бардурӯғ ва дилсардкунанда дар зеҳни ҷавонон хизмати ҳарбиро манфӣ маънидод мекунанд. Ҳол он ки таҳти ғамхории Пешвои миллат, Сафармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Артиши миллӣ тамоми шароити моддиву маишӣ фароҳам аст. «Он ҷо ­кадрҳои соҳиб­ихтисоси низомӣ ҷавононро дар зери парчами ватандӯстӣ барои ҳифзу ҳимояи марзу буми мамлакат, таъмини амният ва сулҳу суботи Тоҷикистони азиз омода менамоянд. Ба ғайр аз ин, хизмат дар сафи Артиши миллӣ меҳру муҳаббати фарзандро нисбат ба падару модар бештар мекунад, ба худи онҳо дарси зиндагиву оини ҷавонмардӣ меомӯзонад, обутоби ҷисмонию руҳӣ медиҳад. Ҷавонон бояд донанд, ки хизмат ба Ватан- Модар қарзи инсонӣ ва имониву виҷдонии ҳар сокини мамлакат буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорист. Иҷрои ин қарз нишони камолоти шахсии ҳар ҷавон аст».

Василаи тавонои ҳамкорӣ

Нашрияи «Народная газета» дар шумораи навбатӣ (17 аз 19 апрел) бо чунин сарлавҳаҳо: «Аҳамияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва байналхалқии Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об таҳти раисии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон», «Об – василаи тавонои ҳамкорӣ», «Рӯзи илм дар Академияи илмҳо», «Номҳои фаромӯшшуда» мақолаҳо нашр карда, аз ҳаёти кишварҳои Осиёи Марказӣ хабарҳо пешниҳоди хонандагон кардааст.

Ҳамчунин нашрияи «Халқ овози» баҳри хонандагони худ оид ба фаъолияти Президенти мамлакат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2022 таҳти унвони «Соли эътирофи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон» мақолаи муфассал чоп кардааст. Дар саҳифаҳои дигари нашрияи узбекзабон хабарҳо аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва  маводи фарҳангиву адабӣ дарҷ гардидаанд.

Ватандӯстӣ ва қарзи соҳибватанӣ

Нашрияи марказии ҲХДТ «Минбари халқ» бо сарлаҳваи «Тобиши фарру шукуҳи каёнӣ зи минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ» оид ба Конфронси об ва чорабиниҳои вобаста ба он, ки таҳти раисии Сарвари тоҷикон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА 22-24 марти соли 2023 баргузор шуда буд, фикру мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Дилшод Раҳмонро чоп кардааст. Мақолаҳои «Никоҳи хешутаборӣ ва пайомадҳои нохушоянди он». «Ватандӯстӣ ва қарзи ватандорӣ. Оё мо боре аз худ суол кардаем, ки қарзи ватандории мо чист?», «Биниши дунявӣ ва мафкурасозии миллӣ» диққати хонандагонро ба мавзуъҳои муҳим ҷалб карда, ба андеша кардан водор месозанд. Масалан, муаллифи мақолаи «Ватандӯстӣ ва қарзи ватандорӣ» навиштааст: «Ҳар яки мо аз овони хурдӣ дар васфи Ватан шеъру таронаҳо аз ёд кардаем. Мунтазам суханҳои зебое дар васфи Ватан мегӯем ва мешунавем, аммо бо вуҷуди ин, баъзе аз мо то ҳол барои Ватан хидмате накардаем, барояш манфиате наовардаем… мо танҳо талаб мекунем, вале оё чизе ба он додаем ва коре барои рушди он кардааем? Ин суол оё виҷдони моро азоб медиҳад? Оё мо ба ин пурсиш посухи сазовор дода метавонем?».

«Накун»-у «нарав» тарбия нест»

Нашрияи «Омӯзгор» дар шумораи навбатӣ оид ба шароит ва хусусияти ҷудогонаи тарбияи маънавии хонандагони мактаб бо сарлавҳаи «Накун»-у «нарав» тарбия нест» мақолаи ҷолиб чоп кардааст. Муаллифи мақолаи «Ғалатҳоро ислоҳ мебояд» оид ба бобҳо ва мавзуъҳои китобҳои «Ҳуқуқи инсон» синфи 10 ва «Ҳуқуқи инсон» синфи 11, ки дар оғози соли таҳсили 2022-2023 чоп шудаанд, андешаҳои худро навишта, пешниҳод кардааст, ки барои беҳтар шудани сифати таълими фанни ҳуқуқ барои синфҳои 10 ва 11 мебояд дастури иловагӣ омода ва ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дастрас карда шавад.

Нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» мақолаҳои «Ду раҳнаварди ҷодаи ватандорӣ», «Муҳоҷират, душаҳрвандӣ, надоштани маълумоти касбӣ, хиёнат. Пошхӯрии оилаҳоро омил чист?», «Чаро оилаҳо ҷудо мешаванд?»-ро дар мавзуи муносибатҳои ҷавонон дар доираи оила нашр кардааст.

Акрами САНГ,
АМИТ «Ховар»

 

 

Апрель 22, 2023 18:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд