Ширкатҳои чинии «Макао Бридж Текнолоджи Лимитед» ва «Алибаба» дар Тоҷикистон намояндагӣ ифтитоҳ менамоянд

Апрель 14, 2023 09:13

ДУШАНБЕ, 14.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷалби сармояи чинӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон, ба мисли логистика ва нақлиёт, кишоварзӣ, фарҳанг, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои калидӣ дар мулоқоти роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои «Макао Бридж Текнолоджи Лимитед»- бахши ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, ширкати «Алибаба» ва дигар ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ба намояндагони ширкатҳои чинӣ доир ба фазо ва имконоти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, имтиёзҳои сармоягузорӣ, гумрукӣ ва андозӣ маълумот пешниҳод намуд.

Намояндагони ширкатҳои чинӣ ҳавасмандии худро ҷиҳати ифтитоҳи намояндагиҳояшон дар Тоҷикистон изҳор доштанд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 14, 2023 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад