«Сомон Эйр» тасмим гирифтааст байни Душанбе ва Қошғар хатсайри ҳавоӣ ифтитоҳ намояд
ДУШАНБЕ, 15.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли ҳавоӣ, аз ҷумла масоили имкони роҳандозии парвозҳо дар масири Душанбе — Қошғар – Душанбе дар мулоқоти директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев бо ҳайати шаҳри Қошғари Ноҳияи Мухтори Шинҷон-Уйғур таҳти роҳбарии раиси ҳукумати мардумии шаҳри Қошғар Ясенҷон Яхеп дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.
Тибқи хабари манбаъ, роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иброз дошт, ки тасмим гирифтаанд дар оянда байни Душанбе ва Қошғар хатсайр ифтитоҳ намоянд. Иқдоми мазкур бешубҳа, давлатҳоро боз ҳам наздиктар мегардонад.
Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд табодули афкор намуданд.
АКС: Ширктаи ҳавопаймоии «Сомон Эйр»








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






