ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ масъалаи пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолиро ба иқтисодиёт баррасӣ карданд

Апрель 28, 2023 19:11

ДУШАНБЕ, 28.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи пешгӯйиҳо, соли 2023 вазъи ҷаҳонии тағйирёбии иқлим, бахусус шароити шадиди обу ҳаво, аз қабили обхезӣ, хушксолӣ, мавҷҳои гарми боду ҳаво ва ғайра ба таври ногаҳонӣ ба вуқуъ мепайвандад, ки онҳо метавонанд ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва молиявии давлатҳо таъсири манфӣ расонад. Дар ин хусус зимни  ҳамоиши илмию амалӣ, ки  имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Арзёбии амнияти иқтисодӣ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  баргузор гардид, гуфта шуд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин ҳамоиши илмию амалӣ  намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ ва олимону коршиносони соҳа иштирок намуданд.

Роҳбарияти Марказ иброз доштанд, ки мақсад аз баргузории ҳамоиш- ин таҳлилу баррасӣ ва арзёбии дастовардҳо ва тамоюлҳои рушди иқтисоди миллӣ бо мақсади ноил шудан ба амнияти иқтисодӣ дар партави Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад.

Дар ҳамоиш тазаккур дода шуд, ки рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, баланд шудани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ, татбиқи муваффақонаи барномаҳои давлатӣ, таҳкими қонуният ва тартибот, ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ дар соҳаи истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баромадани давлат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва индустрикунонии мамлакат ба ҳалли муассири мушкилоти ба миёномада вобаста аст.

Таъмини амнияти иқтисодӣ  чун бахши муҳимми амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун шароит ва кафолати рушди устувори иқтисодӣ дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки амнияти иқтисодӣ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати амнияти иқтисодиёти давлат аз таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ буда, низоми ташкилӣ ва хориҷиро соҳиб аст, ки тавассути системаи ташкилӣ, ҳуқуқӣ, молиявӣ, моддӣ, иттилоот ба миён меояд ва чун тадбирҳои техникию технологӣ барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, субот, қонуният ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баромад мекунад.

Дар ҳамин замина таъкид гардид, ки эҳтимоли ба вуҷуд омадани чунин вазъ водор месозад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар талоши бештар варзем, аз ҷумла дар самти нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, баланд бардоштани қобилияти пардохти низоми бонкӣ, дар сатҳи пешбинишуда нигоҳ доштани таваррум, таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, хусусан дар заминаи дастгирии ҳарчи бештари рушди бахши хусусӣ,  соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, инчунин истифодаи самараноки замин тадбирҳои бештар зоҳир карда шавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо мақсади кам кардани таъсири таҳдидҳо ба амнияти иқтисодӣ то соли 2030 дар назди худ мақсад гузоштааст, ки маҷмуи маҳсулоти дохилиро ба ҳар сари аҳолӣ се маротиба зиёд карда, сатҳи камбизоатиро беш аз ду маротиба паст кунад ва ҳиссаи аҳолиро бо даромади миёна аз 22 то 50 дарсад афзоиш диҳад. Дар натиҷаи беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ҳиссаи сармояи хусусӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ  бояд панҷ маротиба афзун гардида, саҳми бахши саноат ба  маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад, ки ин имкон медиҳад Тоҷикистон ба давлати саноативу аграрӣ табдил ёбад.

Ҳадафи асосии ҳамоиши имрӯза табодули таҷрибаи пешқадам ва дониш дар соҳаи таъмини амнияти иқтисодӣ ба шумор меравад. Ва албатта, натиҷаҳо ва арзёбии иштирокчиёни ҳамоиш ба пешрафти иқтисоди мамлакат мусоидат намуда, тавсияҳои пешниҳодшуда дар амал татбиқ хоҳанд шуд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 28, 2023 19:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд