ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар Бохтар аз як замин дар як сол ду-се маротиба ҳосил мегиранд
ДУШАНБЕ, 06.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аҳли оилаи Носирҷон Қосимов, ки дар кӯчаи Гулистони маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар истиқомат доранд, дар замини назди хонаашон гармхона ташкил намуда, аз он дар як сол ду- се маротиба ҳосил мегиранд. Ба ғайр аз таъмини оилаи худ бо маҳсулоти кишоварзӣ, даромади ин оила аз ҳосили аз гармхона ба дастоварда дар як мавсим зиёда аз 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Сарвари оила Носирҷон Қосимов таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати оқилона истифода бурдани ҳар қитъа замини корам сармашқи кори худ қарор дода, дар замини наздиҳавлигиашон, ки 0,12 га- ро дар бар мегирад, дар масоҳати 0,06 га гармхонаи мавсимӣ ташкил намуд. Хоҷагии мазкур аз се оила, ҷамъ даҳ нафар иборат буда, дар гармхона помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ ва дигар зироати кишоварзӣ парвариш менамоянд.
Маҳсулоти истеҳсолнамудаи хоҷагии зикргардида дар бозорҳои шаҳри Бохтар, аз ҷумла «Ҳоҷи Шариф» ва бозори «Фаровони Қурғонтеппа» ба фурӯш бароварда мешавад. Истифодаи мақсадноку самараноки замин ва заҳмати шабонарӯзӣ имкон фароҳам меорад, ки ин оила ҳосили фаровони барвақтии сабзавоту полезӣ, аз қабили бодирингу помидор ва булғорӣ ба даст оварда, сатҳи зиндагии худро баланд бардошта, дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳм гузорад.
Дар назди ҳавлӣ бунёд кардани гармхонаҳо манфиатовар буда, шароит фароҳам меоварад, ки талаботи харидорон дар чор фасли сол бо бодирингу помидори истеҳсоли худӣ қонеъ гардонида шавад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо тарзи истифодаи оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва бунёди гармхонаҳои доимамалкунанда дар хоҷагии мазкур шинос шуда, таҷрибаи ин деҳқони асилро дар рӯёнидани ҳосили барвақтии помидору бодиринг ва ғайра дар шароити имрӯза манфиатовар арзёбӣ кард.
Раиси вилояти Хатлон ҳамчунин дар кӯчаи Қазоқони шаҳри Бохтар ба рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрванд Абдукарим Абдуҷабборов шинос шуд.
Истифодаи қитъаи замини наздиҳавлигии аз тарафи ин оила дуруст ба роҳ монда шуда, онҳо аз ҳосили рўёндаи хеш ҳар сол даромади зиёд мегиранд.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташкили гармхонаҳои доимоамалкунандаи сабзавотҳо ва дар ин замина саҳм гузоштан дар ҳадафи стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ соли 2023 дар баробари дигар деҳқонон шаҳрванд Абдукарим Абдуҷабборов ҳам бо меҳнату заҳмати дучанд ҷиҳати таъмин намудани аҳолии шаҳр бо сабзавоти тару тозаи барвақтӣ саҳми арзанда гузошта истодааст.
Номбурда ният дорад, ки имсол бо истифоода аз имкониятҳои мавҷуда дар замини наздиҳавлигияш гармхонаҳои доимиамалкунанда ташкил намояд.
Бояд гуфт, ки хоҷагии мазкур аз як оила, ҷамъ панҷ нафар иборат буда, қитъаи замини наздиҳавлигиашон 0,12 га- ро дар бар гирифта, аз он дар масоҳати 0,05 га бунёди боғ ва 0,07 га парвариши сабзавот ба роҳ монда шудааст.
Давлаталӣ Саид ба оилаи Абдукарим Абдуҷабборов ҷиҳати самараноку оқилона истифодабарии замини наздиҳавлигӣ ва дар ин замина таъмини оилаи худ ва бозорҳои маҳаллӣ бо маҳсулотҳои тару тоза изҳори сипос намуда, ҷиҳати ташкил намудани гармхонаҳои доимоамалкунанда тавсияҳои судманд дод.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид






