ТАВАҶҶУҲ! Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷавонони соҳибистеъдоду хушзеҳнро интизор аст
ДУШАНБЕ, 29.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, Маркази миллии тестии назди Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 то 1 май муқаррар кард. Рӯзи якшанбе, 30 апрел низ нуқтаҳои бақайдгирии довталабон фаъолият менамоянд.
Дар робита ба ин Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷавонони соҳибистеъдоду хушзеҳнро барои таҳсил ба ин боргоҳи илм даъват менамояд.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бонуфузтарин маркази таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дастпарварони ин боргоҳи илму маърифат дар пешрафти давлати мустақили Тоҷикистон, рушду равнақи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии мамлакат саҳми арзанда мегузоранд. Донишгоҳ ҷиҳати ислоҳу такомули соҳаи илму маориф, баланд бардоштани маърифат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи мутахассисони донишманд мақому манзалати хоса дорад.
Донишгоҳ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ тарбия карда, ифтихор аз он дорад, ки Пешвои муаззами миллат хатмкардаи ин боргоҳи илму маърифат мебошанд.
Донишгоҳ дорои 19 факултет, 125 кафедра, 124 ихтисос, Институти илмию таҳқиқотӣ, Литсейи равияҳои табиию риёзӣ, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии назди донишгоҳ, Донишкадаи Конфутсий, озмоишгоҳҳои илмию таълимӣ ва таҳқиқотӣ, марказҳои интернетӣ, синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраҳои лингофонӣ, зиёда аз 10 маркази хизматрасонии таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, 3 пойгоҳи таҷрибавӣ, бунгоҳи тиббӣ ва майдончаҳои варзишӣ мебошад.
Донишгоҳ барои донишҷӯён, магистрантон ва докторантони ватанию хориҷӣ беҳтарин хобгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир дорад.
Имрӯз донишгоҳ беш аз 2 ҳазору 500 нафар устоду корманд ва наздик ба 23 ҳазор нафар донишҷӯро муттаҳид карда, тамоми шароити заруриро барои таълим фароҳам сохтааст.
ОСОРХОНА ВА МАРКАЗИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Осорхонаи Пешвои миллат, ки ба овони донишҷӯӣ ва саҳми Сарвари давлат дар рушди минбаъдаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида шудааст, ҷойгир аст.
Ҳамзамон, бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мактаби бузурги давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар донишгоҳ Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат фаъолият мекунад.
ХОБГОҲ
Хобгоҳҳои донишгоҳ дорои шароити хуби истиқоматӣ мебошанд. Хобгоҳи рақами 8 аз ҷумлаи онҳост, ки дорои 207 ҳуҷраи хоб буда, барои бештар аз ҳазор нафар донишҷӯ пешбинӣ гардидааст.
БОЗИҲОИ ВАРЗИШӢ
Дар донишгоҳ кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш фаъолият мекунад, ки дар заминаи он байни устодону кормандон ва донишҷӯён мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла футбол, волейбол ва теннис гузаронида мешаванд.
МАҶМААИ МАИШӢ-ХИЗМАТРАСОНИИ «САФОИ ДОНИШҶӮ»
Маҷмаа барои донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ иқомат мекунанд, сохта шуда, аз кошонаи ҳусн, сартарошхона, ошхона ва ҳаммом бо ҷойгирии бӯғхона иборат аст.
СИНФХОНАҲОИ ТАЪЛИМӢ
Синфхонаҳои таълимӣ бо технологияи муосири информатсионӣ, аз ҷумла бо компютер, тахтаи электронӣ ва видеопроекторҳо дар биноҳои таълимӣ ҷойгир мебошанд.
ПАРКИ ТЕХНОЛОГӢ
Парки технологии донишгоҳ аз соли 2010 фаъолият менамояд. Дар он истеҳсоли маводи фаъоли биологӣ ба роҳ монда шудааст. Дар парк донишҷӯёни факултетҳои тиббию фарматсевтӣ корҳои илмӣ-амалӣ ва таҷрибавиро анҷом медиҳанд.
АНСАМБЛИ «НАВРӮЗ»
Ансамбли «Наврӯз»-и донишгоҳ соли 1966 ташкил шудааст. Дар ҳайати ансамбл дар баробари мутахассисон донишҷӯён низ фаъолият мекунанд, ки онҳо дар чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ фаъолона иштирок менамоянд.
ПОЙГОҲҲОИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ
Имрӯз мавзеъҳои таҷрибаомӯзӣ, аз ҷумла Пойгоҳи таълимӣ-таҷрибаомӯзии деҳаи Зиддии ноҳияи Варзоб, Пойгоҳи таълимӣ-таҷрибаомӯзии Такоб (ноҳияи Варзоб), Пойгоҳи фароғатии таҷрибавии «Ҷавонӣ» (дараи Ромити шаҳри Ваҳдат), Маркази таълимӣ-таҷрибавии бостоншиносӣ-этнологияи факултети таърих дар ноҳияи Фархор муайян шудааст, ки устодону донишҷӯён метавонанд аз ин пойгоҳҳо истифода намоянд.
МАРКАЗИ БИОТЕХНОЛОГИЯ
Маркази биотехнология аз соли 2009 дар донишгоҳ фаъолият мекунад. Он дар самти анҷом додани корҳои илмӣ дар соҳаи биотехнология, тайёр намудани мутахассисони соҳа ва рушд бахшидани самтҳои таҳқиқоти замонавӣ мусоидат менамояд. Дар марказ донишҷӯёни ихтисосҳои марбутаи факултети биология ҷалб шудаанд.
КЛИНИКАИ ҲУҚУҚӢ
Дар назди факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ клиникаи ҳуқуқӣ фаъолият мекунад, ки он дар самтҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, гражданӣ, меҳнатӣ, оилавӣ, соҳибкорӣ, мурофиавӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар рафти тафтишот ва мурофиаҳои судӣ ва дигар самтҳои муҳими ҳаёти ҳуқуқии ҷомеа ба устодону донишҷӯён ва шаҳрвандон машварат ва кумаки ҳуқуқӣ мерасонад.
ТОЛОРҲО
Дар донишгоҳ барои гузаронидани чорабиниҳои илмӣ — фарҳангӣ ва дарсҳои лексионӣ толорҳои замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки дорои тамоми васоити техникӣ мебошанд.
ДОНИШКАДАИ ТАЪЛИМИЮ ФАРҲАНГИИ КОНФУТСИЙ
Дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий амал мекунад. Донишкада бо ташаббус ва дастгирии муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис ёфтааст.
АКС аз манбаъҳои боз




















Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд






