«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ». Ғолибони даври аввали озмун соҳиби 15 ҳазор сомонӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 07.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» оғоз гардид. Озмуни мазкур аз рӯйи номинатсияҳои «Барномасозӣ», «Меъморӣ», «Моделсозӣ», «Радиоэлектроника», «Робототехника», «Сайёҳӣ – кишваршиносӣ» ва «Табиашиносӣ» доир карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Зимни ифтитоҳи озмун гуфта шуд, ки ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» аз иқдомоти навбатии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ арзёбӣ гардида, дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» гузаронида мешавад.
Озмун ба рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дониши техникиву технологӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав мусоидат менамояд.
Озмуни мазкур таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардида, ғолибони он аз рӯйи ҳар номинатсия дар алоҳидагӣ бо мукофотпулӣ: барои ҷойҳои якум 15 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 10 000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 5 000 сомонӣ сарафароз карда мешаванд. Инчунин ба омӯзгорони хонандагоне, ки дар озмун ғолибият ба даст меоранд, мукофотпулӣ: барои ҷойҳои якум 10 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 5 000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 3 000 сомонӣ барои ҳар номинатсия дар алоҳидагӣ муқаррар гардидааст.
Гуфта мешавад, ки дар даври дуюми озмун дар маҷмуъ 929 нафар иштирок намуда, аз онҳо танҳо 89 нафар бо ба даст овардани холҳои мувофиқ ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифт.
Ҳамин тариқ, тибқи дархости ноҳияҳои пойтахт аз рӯйи ҳар як номинатсия шумораи зерини довталабон барои иштирок дар даври шаҳрии озмун пешниҳод гардид:
— номинатсияи «Барномасозӣ» — 14 нафар;
— номинатсияи «Меъморӣ» — 13 нафар;
— номинатсияи «Моделсозӣ» — 12 нафар;
— номинатсияи «Радиоэлектроника» — 13 нафар;
— номинатсияи «Робототехника» — 10 нафар;
-номинатсияи «Сайёҳӣ- кишваршиносӣ» — 12 нафар;
— номинатсияи «Табиатшиносӣ» — 15 нафар.
Бояд тазаккур дод, ки тибқи дархости комиссияи шаҳрии озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ҷиҳати мақсаднок, озод ва шаффоф баргузор намудани он аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мутахассисони соҳибтаҷриба, ходимони намоёни соҳаҳои илми ватанӣ ба ҳайати ҳакамони озмун шомил гардидаанд.
Озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ду рӯз идома ёфта, дар маҷмуъ аз санҷиши донишҳои назариявӣ аз рӯи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва муаррифии лоиҳаҳои эҷодӣ иборат хоҳад буд.
Дар назар аст, ки ҷамъбасти озмун дар арафаи Рӯзи пойтахт бо баргузор намудани маросими ҳавасмандгардонии ғолибон баргузор карда шавад.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид






