Вазири кишоварзии Тоҷикистон бо ҷараёни кишти баҳорӣ дар шаҳри Истаравшан шинос шуд
СУҒД, 10.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарият вилояти Суғд бо ҷараёни кишти баҳорӣ, бунёди боғ ва захираи об дар обанбори «Зарринруд»-и шаҳри Истаравшан шинос шуданд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Ҳайати мазкур нахуст аз заминҳои хоҷагии деҳоти «Пошкент» дидан намуда, барои самаранок истифода бурдани замин, аз ҷумла ба роҳ мондани кишти картошка дар байни қатори дарахтон ва гирифтани 3-4 ҳосил изҳори қаноатмандӣ кард.
Зимни боздид аз обанбори «Зарринруд»-и шаҳри Истаравшан иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар обанбор зиёда аз 22 млн метри мукааб захираи об мавҷуд буда, дар ин давра зиёда аз 3 млн метри мураббаъ об барои мондани яхоб ба хоҷагиҳо дастрас карда шуд.
Тавсия дода шуд, ки барои самаранок истифода бурдани об, ҳарчи бештар захира кардани он ва тибқи меъёр ба хоҷагиҳо дастрас намудан тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Дар деҳоти «Нофароҷ» Вазири кишоварзӣ ва ҳайати ҳамроҳ бо ҷараёни бунёди боғи интенсивӣ шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии «Ҳаким-шер» бо кандани чоҳи амудӣ соли равон зиёда аз 7 га замини чарогоҳи талу теппаро ба гардиши кишоварзӣ дароварда, барои бунёди боғи себу чормағз ниҳолҳои интенсивӣ дастрас кардааст. Алҳол дар ҳудуди зиёда аз 5 га боғ бунёд гардида, шинонидани ниҳолҳо идома дорад. Роҳбари хоҷагӣ гуфт, ки баъди анҷоми шинонидани ниҳолҳо дар байни қаторҳои ниҳол картошка кишт менамояд.
Вазири кишоварзӣ зимни суҳбат бо кишоварзон ва масъулини соҳа барои истифодаи мақсадноки ҳар ваҷаб замин тавсия дод.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






