Зиёда аз 160 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии вилояти Суғд тариқи пойгоҳҳои обкашӣ бо оби полезӣ таъмин мегарданд

Апрель 19, 2023 08:29

ДУШАНБЕ, 19.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёда аз 160 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ тариқи пойгоҳҳои обкашӣ бо оби полезӣ таъмин карда мешаванд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Тавре гуфта шуд,  бо мақсади фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ ҳамасола бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дастгоҳу таҷҳизоти нави обкашӣ харидорӣ ва васлу насб карда мешавад. Бо амалӣ намудани чунин тадбирҳо кори шабакаҳои обрасон беҳтар ва норасоии оби полезӣ бартарф мегардад. Аз ҷумла соли равон ҷиҳати харидории дастгоҳу таҷҳизоти нав барои пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасонӣ аз њисоби буҷети вилоят наздики 12 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.

Ҳамзамон соли равон ҷиҳати харидорӣ намудани як дастгоҳи обкашии 52В-11 бо муҳаррики барқияш барои пойгоҳи обкашии “Мирзоҷӯл-2”-и ноҳияи Зафаробод аз ҳисоби маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 10 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби буҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 5 миллион сомонӣ ҷудо гардид.  Дастгоҳи обкашии калонҳаҷм охири моҳи феврали соли равон ба пойгоҳи обкашии “Мирзоҷӯл-2” дастрас карда шуд.

Таъкид гардид, ки имсол бо дархости кишоварзон пойгоҳҳои обкашӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар даҳаи сеюми моҳи март ва аввали моҳи апрел ба кор дароварда шуданд. Ин ҳам ба он хотир аст, ки кишоварзон кишти зироати баҳориро саривақт ба анҷом расонида, аз норасоии оби полезӣ танқисӣ накашанд.

Дар вилояти Суғд дар самти беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо низ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла дар мавсими имсола ҳолати мелиоративии 1 ҳазору 437 гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар карда шудааст, ки 27 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Апрель 19, 2023 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад