Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати молияи Қазоқистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
ДУШАНБЕ, 05.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 май байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ.
Дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон 4 май мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо муовини Сарвазир – Вазири молияи Ҷумҳурии Қазоқистон Ерулан Жамаубаев баргузор гардид.
Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ду ҷумҳурӣ баррасӣ гардида, ҷонибҳо оид ба вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар самти рушди бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ, рақамикунонӣ дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрам табодули афкор намуданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд изҳор доштанд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид






