Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ конфронс доир шуд

Май 5, 2023 17:22

ДУШАНБЕ, 05.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзуи «Таҳқиқоти сотсиологӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Дар кори конфронс олимону донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок намуданд.

Дар ҷараёни конфронс инъикоси масъалаҳои маориф ва илм дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, нақши маориф дар амнияти идеологии ҷомеа, баҳодиҳии сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон, роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкил ва гузаронидани таҳқиқоти сотсиологӣ оид ба маориф, сифати таҳсил ва омода намудани мутахассисони касбӣ, ҳамзамон масъалаи  муқовимат ба экстремизм ва терроризм тавассути ниҳодҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳои ба низоми таҳсил марбут баррасӣ карда шуд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Май 5, 2023 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт