Дар Душанбе дар мавзуи «Сармояи инсонӣ-омили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» конференсия доир мешавад
ДУШАНБЕ, 10.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 май дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Сармояи инсонӣ-омили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо.
Конференсия бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил мегардад.
Дар он мавзуъҳои зерин: «Рушди неруи инсонӣ – ҳадафи стратегии сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши неруи инсонӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон», «Рушди сармояи инсонӣ ва истифодаи самараноки он дар Тоҷикистон», «Ҳамкории иҷтимоии давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон», «Омилҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ташаккули сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон», «Нақши маориф ва илм дар ташаккули сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон, «Омилҳои рушди сармояи инсонӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ», «Сармояи инсонӣ ва масъалаҳои фирори зеҳнҳо дар Тоҷикистон», «Масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Ҷавонон ҳамчун неруи меҳварии рушди сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» мавриди барарсӣ қарор дода мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд






