Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Форуми Қазон 2023 муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 21.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод ва як зумра роҳбарони субъектҳои хизматрасони сайёҳии ватанӣ дар Форуми Қазон 2023 «Русия – ҷаҳони ислом» иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласаи «Меҳмонавозӣ аз рӯи стандарти ҳалол»-и кори Форум раиси Кумита вобаста ба имконоти сайёҳии мамлакат ба ҳозирин тариқи рӯнамо маълумот дод.
Тазаккур дода шуд, ки дар айни замон намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон бо мақсади вохӯрӣ бо доираҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ба минтақаҳои Санкт-Петербург, Самара, Қазон, Тюмен ва Уфаи Федератсияи Русия сафар намуданд.
Сафари мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки роҳбарону намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, осоишгоҳҳо ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ — ҶСК «Курортҳои Тоҷикистон», ҶСК «Баҳористон», осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм», ҶДММ «Скай тур», ҶДММ «Ориент Адвентур» ва шабакаи телевизиони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии зарфияти сайёҳии ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд.
Ташаббуси мазкур ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Харитаи роҳи Тоҷикистон ва Русия, ки байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия моҳи марти соли 2023 дар ҳошияи сафари раиси Ҳукумати Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ба имзо расид, амалӣ мешавад.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид






