Имрӯз дар Душанбе Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 05.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро дар самти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя бо Малайзия тақвият бахшад. Дар иртибот ба ин имрӯз дар Душанбе Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Малайзия бо иштироки доираҳои соҳибкорию сармоягузории ҳар ду давлат баргузор гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки муаррифии имконият ва фазои сармоягузории Тоҷикистон ба соҳибкорону сармоягузорони Малайзия, таҳкими робитаҳо байни доираҳои соҳибкорию сармоягузории ҳар ду давлат, бунёд ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолию саноатӣ аз ҳадафҳои асосии Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Малайзия мебошад. Доираҳои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Малайзия дар ҷараёни форум самтҳои афзалиятноки ҳамкориро дар соҳаҳои саноат, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, сайёҳӣ, тиб ва хизматрасонӣ баррасӣ намуданд.
Дар Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Малайзия Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода доир ба имконият ва фазои соҳибкорию сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ибрози назар намуда, гуфт, ки рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар ин самт бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон ҳамасола ислоҳоти муҳим дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт амалӣ карда мешавад.
Таъкид шуд, ки дар айни замон барои соҳибкорон тибқи қонунгузории амалкунанда қариб 100 имтиёзу сабукӣ муқаррар карда шудааст, ки беш аз 80 фоизи он ба имтиёзи андозию гумрукӣ рост меояд.
Инчунин раиси Палатаи байналмилалии савдо ва саноати Малайзия хонум Кристина Ти доир ба иқдоми кишвараш дар самти тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ бо Тоҷикистон ибрози назар намуда, омодагии доираҳои соҳибкорию сармоягузории Малайзияро ҷиҳати ба роҳ мондан ва таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд баён намуд.
Ба иштирокдорони форум, хусусан доираҳои соҳибкории Малайзия имконияти сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, хӯрокворӣ, тандурустӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ ва лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ баррасӣ гардид. Бояд тазаккур дод, ки шарикии тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, дастгирӣ ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои муштараки судманд, таъмини савдои мунтазам, ҳаракати озоди мол, сармоя, хизматрасонӣ ва технология аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Малайзия боқӣ хоҳад монд.
Дар ҳошияи Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Малайзия инчунин вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар сиғаи (B2B) (соҳибкор бо соҳибкор) баргузор гардида, аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расонида шуд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»


















Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд






