«МАЪРИФАТИ ОИЛАДОРӢ-РУКНИ МУҲИМИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Ҳисор бо фаъолону донишҷӯён вохӯрӣ баргузор шуд

Май 12, 2023 20:49

ҲИСОР, 12.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11 май дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор таҳти унвони «Маърифати оиладорӣ- рукни муҳими фарҳанги миллӣ» бо фаъолону донишҷӯёни шаҳр вохӯрӣ доир гардид. Дар ин бора котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  иттилоъ дод.

Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки ободии ҷомеа аз оилаи солим сарчашма мегирад, чунки дар давлате, ки устувории оилаҳо зиёд аст, дар он ҷомеаи солим ҳукмфармо аст. Ҳашт сол қабл Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро дар ҷумҳурӣ Соли оила эълон намуданд. Ин ташаббус дар қатори дигар ибтикороти Президенти мамлакат яке аз муҳимтарин мавзуе ба ҳисоб мерафт, ки ба дарди ҷомеа дармон мебахшад.

Гуфта шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ, ки дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, таваҷҷуҳи хос доранд ва бо назардошти манзалату мартабаи оила фармудаанд, ки «оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад».

Дар вохӯрӣ вобаста ба амалишавии  қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ёдовар шуда,  ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, ҳисси ватандориву худшиносӣ, эҳтирому арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ, пешгирии рӯй овардани занону духтарон ба фарҳанги бегона, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, омода намудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан гуфта, аз густариши хатарҳои экстремизму терроризм дар ҷаҳон ва таъсири он ба мамлакатҳои рӯ ба рушд, афзудани сафи гурезагон дар ҷаҳон ёдовар шуда, аз оқибатҳои ин падидаҳои номатлуб ҳушдор дода шуд.

Дар фарҷом раиси шаҳр чун рамзи эҳтиром китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик»-ро, ки бо истифода аз мақолаҳои донишмандони маъруфи дохиливу хориҷӣ дар бораи Пешвои миллат таълиф шудааст, ба меҳмонон туҳфа намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Ҳисор

Май 12, 2023 20:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад