Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи III Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ иштирок намуд

Май 20, 2023 17:20

ДУШАНБЕ, 20.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 19-20 май дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи III Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ доир градид, ки дар он раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иштирок намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар федератсия.

Иштирокчиёни ҷаласа мавзуъҳои равандҳои сиёсати ҷавонон дар Иттифоқҳои касабаи давлатҳои аъзо, таҳияи стратегияи якҷояи рушди иттилоотикунонӣ ва саҳми Иттифоқҳои касабаи кишварҳои аъзоро дар рушди сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар идома рамзи Шӯро таҳия гардида, нусхаи он ба намояндагони давлатҳои аъзо супорида шуд. Ҳамзамон дар ҷаласа сомонаи навтаъсиси Шӯро ба иштирокчиён муаррифӣ карда шуд. Дар ин сомона 5 давлати аъзо метавонанд маводи таблиғотии худро дар бахшҳои гуногун, бахусус бахши сайёҳӣ интишор намоянд.

Инчунин дар ҷараёни иҷрои рӯзномаи ҷаласа аз ҷониби роҳбари Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳӣ дар бораи имконият ва захираҳои туристии Тоҷикистон, аз ҷумла истироҳатгоҳҳо, мавзеъҳои фароғатие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд,  ба иштирокчиён маълумоти пурра дода шуд.

Инчунин ба иштирокчиён маводи таблиғотиву ташвиқотӣ дастрас гардида, дар бораи мавзеъҳои ҷолиби Тоҷикистон филм намоиш дода шуд.

Дар охири ҷаласа байни давлатҳои аъзои Шӯро Ёддошти ҳамкорӣ оид ба сайёҳӣ ба имзо расонида шуд.

АКС: Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

Май 20, 2023 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд