Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд

Май 19, 2023 09:58

 КӮЛОБ, 19.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи давлатии   Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, узви Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Дилшод Раҳмон 18 май дар ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва ҳамоиш таҳти унвони «Парламентаризми ҷавонон – мактаби ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон», ки дар Донишгоҳи давлатии педагогии Русия ба номи А.И.Гертсени шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуд, иштирок намуда, дар мавзуи «Оид ба парламентаризми ҷавонон ва рушди фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки 18 май ба ифтихори 320-солагии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Форуми байналмилалии «Санкт-Петербург – пойтахти парлумонии Иттиҳод» оғоз шуд, ки ду рӯз идома меёбад. Ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар доираи форуми мазкур доир шуд.

Форум таҳти роҳнамоии Институти байналмилалии мониторинги рушди демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандони ИДМ амал намуда, мақсад аз он рушди муколама ва дипломатияи парлумонӣ ҳамчун омили муассири ҳамкорӣ дар фазои ИДМ ва хориҷ аз он, омӯзиш ва муқоисаи таҷрибаи сохтмони парлумонӣ ва ҳамкории байнипарлумонии давлатҳо мебошад.

Дар форум намояндагони парлумонҳои кишварҳои иштирокчии АБП ИДМ, намояндагони консулии давлатҳо дар Санкт-Петербург, муассисаҳои таҳсилотии олии шарики АБП ИДМ, созмонҳои ҷавонон, олимон ва коршиносон иштирок доранд.

Қобили тазаккур аст, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ яке муассисаҳои таҳсилоти олии шарики Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ буда, моҳи ноябри соли 2022 бо Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва ҳамчунин Донишгоҳи давлатии педагогии Русия ба номи А.И. Гертсен созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ

Май 19, 2023 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд