«НИГОҲИ МАН». Дар Душанбе намоиши асарҳои эҷодӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 21.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 май дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 10-солагии таъсиси донишкада таҳти унвони «Нигоҳи ман» намоиши асарҳои эҷодии омӯзгори ҷавони кафедраи тарҳрезии бадеии либос баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар намоиш асарҳои рассомӣ, ки давоми 10 соли фаъолияти эҷодии рассом Абдуазизов Давлат тасвир шудааст, ба намоиш гузошта шуд.
Дар намоиш ректори Донишкада, меҳмонон аз Федератсияи Русия, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада, арбобони санъат ва дигар намояндагони санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон иштирок намуданд.
Намоиши мазкур то 15 июн идома меёбад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дабири кулли СААД дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид






