Ғолибони Интернет-олимпиадаи байналмилалӣ муайян шуданд

Май 25, 2023 09:24

ДУШАНБЕ, 25.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони Интернет-олимпиадаи байналмилалӣ, ки бори аввал аз фанни химия байни донишҷӯёни 50 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардид, муайян шуданд. Дар он 127 иштирокчӣ 6 ҷойи аввал, 12 ҷойи дуюм ва 16 ҷойи сеюмро ба даст оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Олимпиадаи мазкур бо иштироки 50 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз 8 давлати дунё бо мақсади татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» баргузор шуд.

Дар он 6 донишҷӯ сазовори ҷойи аввал шуд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии Туркманистон ба номи Махтумқулӣ Азиз Каримбоев, донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Бобохонов, донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии Туркманистон ба номи Махтумқулӣ Кервен Гадамов, донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи миллии Казоқистон ба номи ал-Форобӣ Аастха Бхардваҷ, донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ  Меҳрона Коркунова, донишҷӯи курси 5-уми  Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Ш.Рашидов Шуҳрат Ғайбуллоев сазовори ҷойҳои аввал шуданд.

Дар ҷадвал ҷойҳои ба дастовардаи муассисаҳои таҳсилоти олии иштирокчӣ  чунин муайян карда шудааст:

1. Тоҷикистон – 15 ҷой;
2. Қазоқистон — 7 ҷой;
3.Қирғизистон – 5 ҷой;
4. Туркманистон – 2 ҷой;
4. Беларус – 2 ҷой;
5. Узбекистон – 2 ҷой.
6.Русия – 1 ҷой;

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Май 25, 2023 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАРУ СУЛҲПАРВАР — ИҚБОЛИ БАЛАНДИ МИЛЛАТ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар дар ин хусус
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Дар рӯзи имтиҳонҳои дохилшавӣ чӣ бояд кард?
Ваҳдати миллӣ шарти асосии ҳифз, таҳким ва пойдории истиқлолият гардид
Аз 1 июл даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои миёна ва олии касбӣ оғоз мегардад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР! Ба қадри неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллӣ бирасем
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 150 кВт ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба нақши Ваҳдати миллӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷаллаи нави илмии байналмилалӣ «Дипломатияи тоҷик» таъсис ёфт
Ҷаласаи даҳуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Дар шаҳри Душанбе масъалаи воридсозии зеҳни сунъӣ ба таҳсилоти умумӣ баррасӣ шуд
ХОНАНДАИ СОЛ. Мадина Саидализода ғолиби даври ҷумҳуриявии озмун гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Машварати байналмилалии «Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ» иштирок намуданд