ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 5-6. Хонандагони вилояти Суғд сазовори 67 ҷойи ифтихорӣ шуданд

Май 17, 2023 11:19

ДУШАНБЕ, 17.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 5-6 аз фанҳои табиӣ-риёзӣ хонандагони вилояти Суғд сазовори 67 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 5 медали нуқра ва 62 медали биринҷӣ шуданд. Хонандагони шаҳри Душанбе сазовори 58 ҷойи ифтихорӣ: 2 медали тилло, 17 медали нуқра ва 39 медали биринҷӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хонандагони вилояти Хатлон 34 ҷойи ифтихорӣ: 7 медали нуқра ва 27 медали биринҷӣ ба даст оварда, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 15 ҷойи ифтихорӣ: 3 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ гардиданд. Хонандагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 5 ҷойи ифтихорӣ: 1 медали тилло ва 4 медали биринҷиро соҳиб шуданд.

Ёдовар мешавем, ки даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои синфҳои 5-6 аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (математика, биология, география ва технологияи иттилоотӣ) 13-14 май  аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат» дар шаҳри Ҳисор доир шуд.

Дар олимпиадаҳои мазкур 726 хонандаи синфҳои 5-6-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуд. Дар озмун 179 хонанда сазовори ҷойҳои ифтихорӣ (3 нафар соҳиби медали тилло, 32 нафар- медали нуқра ва 144 нафар соҳиби медали биринҷӣ) гардид.

Маросими ҷоизасупорӣ пас аз ҷамъбасти олимпиадаҳо барои хонандагони синфҳои дигар дар назар аст.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 17, 2023 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид