ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 май, якшанбе, 127-умин рӯзи соли 2023
7 майи соли 2004 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Роберт Кристиансенро бинобар ба анҷом расидани муҳлати фаъолияташ ва роҳбари нави ҳайат Питер Винглиро ба ҳузур пазируфтанд. Зимни суҳбат доир ба дурнамои ҳамкорӣ дар бахши сиёсати андозу буҷет, такмили якчанд асосҳои ҳуқуқии вобаста ба кодекси андозу гумрук ва сиёсати қарзию пулӣ мубодилаи афкор карда шуд.
***
7 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафар карданд.
***
7 майи соли 2015 аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома дар бораи содагардонии тартиби тиҷорат бо Созмони умумиҷаҳонии савдо тасдиқ карда шуд.
***
7 майи соли 1895 профессори Донишгоҳи Санкт-Петербург Александр Степанович Попов дар ҷаласаи Ҷамъияти русиягии олимони соҳаи физика ва химия нахустин шуда дар ҷаҳон намунаи радиоро ба намоиш гузошт. Таҷҳизоти мазкур садоро ба масофаи 250 метр интиқол медод.
***
Дар Тоҷикистон – Рӯзи радио ва кормандони соҳаи алоқа
***
Дар Федератсияи Русия, Беларус, Қирғизистон, Арманистон — Рӯзи ихтирои радио
***
Дар Қазоқистон — Рӯзи муҳофизони Ватан
***
Дар Шотландия — Рӯзи баҳор