Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, роҳбари бадеии Театри тамошобини ҷавон «Аҳорун» Сабоҳат Қосимова аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 25.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, роҳбари бадеии Театри тамошобини ҷавон «Аҳорун», ҳунарманди маҳбубу шинохта Сабоҳат Қосимова дар синни 72 солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Сабоҳат Қосимова соли 1973 шуъбаи актёрии Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар солҳои 1973—1989, 1999—2002 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ, аз соли 1990 ҳунарпеша ва роҳбари бадеии Театри Аҳорун буд.
Беҳтарин нақшҳои офаридаи Сабоҳат Қосимова дар Театри Лоҳутӣ ин Адиба («Интихоби домод»-и Ҳоҷӣ Содиқ), Ҳабиба («Алломаи Адҳам ва дигарон»-и Сотим Улуғзода), Шараф («Корвони бахт»-и Мирсаид Миршакар), Неля («Бозиҳои бераҳмона»-и А. Арбузов), Мадлена («Тӯдаи риёкорон»-и М. Булгаков) ва ғайраҳо мебошанд.
Дар Театри «Аҳорун» нақшҳои Зулайхо («Юсуфи гумгашта…»-и Ҷомӣ), Карделия («Шоҳ Лир»-и Шекспир), Ширинкор («Шоҳ Фаридун»-и Фирдавсӣ) ва ғайраро бо маҳорати баланд бозидааст.
Ӯ ҳамчунин дар зиёда аз 100 намоишу спектаклҳои телевизионӣ нақш бозидааст.
Акс аз манбаъҳои боз








«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд






