Қабули беш аз 1000 хатмкунанда аз Чин дар зинаи магистратураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 16.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Ширкати «Технологияи таълими Shangdon Daliangzao»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин қабули довталабони чиниро дар шакли таҳсили фосилавӣ ва ҳузурӣ дар зинаи магистратура аз аввали соли нави таҳсил оғоз менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи омӯзгории мамлакат.
Созишномаи мазкур дар асоси дархост ва интихоби беш аз 1000 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва коллеҷҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳия ва тасвиб шуда, раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба таҳсил фаро гирифтани ин хатмкунандагонро дар зинаи магистратура ба роҳ мемонад.
Мавриди тазаккур аст, ки қабули ҳуҷҷатҳои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии Чин дар зинаи магистратура дар ихтисосҳои интихобиашон бо забонҳои русиву англисӣ дар асоси қонун таҳия ва қабул карда шуда, тибқи шартнома ба таҳсил фаро гирифта мешавад.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд






