«ҲАМДАМИ МАРДУМ». Маҳфили адабии Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам дар шаҳри Ҳисор

Июнь 14, 2023 10:46

ДУШАНБЕ, 14.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳамдами мардум» — таҳти чунин унвон дар «Кохи фарҳанг»-и шаҳри Ҳисор бахшида ба фаъолияти эҷодии драматург, адиб ва журналист, Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам маҳфили адабӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, дар маҳфили адабӣ тазаккур дода шуд, ки Ато Ҳамдам яке аз сермаҳсултарин қаламкашони драматургияи тоҷик ба шумор рафта, асарҳои маъруфу ӯ, аз қабили «Писари Ватан», «Ибтидо», «Пеш аз борон», «Бори каҷ», «Хезед, суд меояд!», «Саргузашти Сафармахсум», «Сафармахсум дар Қаратоғ», «Барзу ва Рустам», «Саргузаштҳои нави Сафармахсум», «Як танга тилло», «Спитамен» ва ғайраҳо, ки аз ҷониби ҳунармандони театрҳои гуногуни мамлакат рӯйи саҳна омадаанд, дар тарбияи маънавии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муҳим ва арзанда доранд.

Таъкид гардид, ки Ато Ҳамдам дар пайравӣ ба устодони драматургияи тоҷик Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Ғанӣ Абдулло, Аъзам Сидқӣ, Меҳмон Бахтӣ ва даҳҳои дигар ба таърих рӯ оварда, жанри драматургияи тоҷикро ба авҷи аъло расонида, дар дунёи эҷод баҳри рушди ин жанри мураккаби адабӣ панҷоҳу панҷ сол инҷониб пайваста талош меварзад.

Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои Ато Ҳамдамро дар рушди адабиёти муосири тоҷик ба инобат гирифта, ӯро соли 2022 бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон сарфароз намуданд.

Ато Ҳамдам яке аз тарҷумонҳои пурмаҳсулу муваффақ ба шумор рафта, осори гуногуни адибони давлатҳои дигарро ба забони ноби тоҷикӣ тарҷума ва пешниҳоди хонандагон гардонидааст.

Иштирокчиёни маҳфил саҳми ӯро дар муаррифии фарҳангу тамаддуни бостонии миллати тоҷик назаррасу мондагор арзёбӣ намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Июнь 14, 2023 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд