«БАДАХШОН — НИГИНИ ТОҶИКИСТОН». Барои омӯзгорон ва кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз дарсҳои намунавӣ доир карда шуд
ДУШАНБЕ, 16.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 14 июн дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи Аксияи ҷумҳуриявии «Бадахшон — нигини Тоҷикистон» ва бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дарсҳои намунавӣ дар мавзуи «Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои химия, биология, математика, физика ва технологияи иттилоотӣ» барои омӯзгорони фанҳои табиӣ-риёзӣ ва кормандони шуъбаи маорифи ноҳия баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Таъкид карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро дар сиёсати давлатӣ дар мадди аввал қарор дода, барои рушди он тамоми чораҳои муҳим ва зарурӣ андешида мешаванд. Вазорати маориф ва илм барои таълими босалоҳият дар муассисаҳои таълимӣ гузаронидани Аксияи ҷумҳуриявии «Бадахшон — нигини Тоҷикистон»-ро роҳандозӣ намудааст. Дар доираи ин аксия ба омӯзгорони фанҳои дақиқ ёрии методӣ расонида шуда, сатҳи касбияти онҳо баланд бардошта мешавад.
Муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои химия, биология, математика, физика ва технологияи иттилоотӣ тақозои замон буда, дар рушди соҳаи маориф ва тақвияти донишу малакаи хонандагон аҳамияти зиёд дорад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад






