Дар Кӯлоб ҷамъоварии ҳосили ғалла вусъат ёфтааст
КӮЛОБ, 18.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Кӯлоб соли равон дар масоҳати 2704 гектар гандум кишт намудаанд, ки то имрӯз дар майдони 500 гектари он маъракаи дарав анҷом ёфтааст, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии шаҳри Кӯлоб, аз заминҳои обӣ то 50 ва аз ҳудуди заминҳои лалмӣ 25 то 30 сентнер ғалла бояд ҷамъоварӣ карда шавад. Омори мазкур аз мушоҳидаи ҳосили дар саҳробуда бармеояд.
Истифодаи самараноку ба роҳ мондани кишти дубора, ки ҳадафи асосии кишоварзони мамлакат қарор гирифтааст, вобаста ба дурнамо пас аз анҷоми дарав маҷмуан дар майдони 2945 гектар бояд кишти такрории сабзавоту полезӣ гузаронида шавад, аз ин теъдод масоҳати 1215 гектар ба аҳолӣ рост меояд.
Дар бештари мавзеъ хоҷагидорон аллакай ба шинонидани тухми маҳсулоти кишоварзӣ шуруъ кардаанд. Аз ҷумла, деҳқонони хоҷагии деҳқонии «Хуршеди Ҷамшед» дар масоҳати 2,5 гектар замин кишти маҳсулоти гуногуни кишоварзиро ба роҳ монда, дар қитъаҳое, ки аз он ҳосили якум ҷамъоварӣ шудааст, кишти такрорӣ гузаронида истодаанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, хоҷагидорони «Хуршеди Ҷамшед» масоҳати 15 сотихе, ки дар он нимаи дуюми моҳи феврал картошка шинонида буданд, ба миқдори якуним тонна ҳосили хушсифат ҷамъоварӣ намуданд. Онҳо қисме аз маҳсулотро ба фурўш гузошта, миқдори заруриро барои таъмини оила захира намуданд ва дар ҷои он тухми ҷуворимакаи дон кориданд.
Мавҷуди 1 гектар гандум, ки чанд рўз баъд даравида мешавад, ҳосили фаровон хоҳад дод. Чуворимакаи дон, қаламфури булғорӣ, памидору бодиринг, полезӣ ва дигар зироати кишоварзӣ маҷмӯи маҳсулоте мебошанд, ки барзгарони хоҷагии деҳқонии «Хуршеди Ҷамшед» парвариши онро алакай шуруъ намудаву барои кишти таркорӣ низ чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






