ДАР ПАРТАВИ ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Об қисми ҳатмии таркиби тамоми зуҳурот дар Замин, аз ҷумла инсон аст

Июнь 4, 2023 09:52

ДУШАНБЕ, 04.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусу иқдом ва пешниҳодҳои башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд соли охир аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи гарму самимӣ ёфта, симои Пешвои миллати моро чун шахсияти бузург дар арсаи байналмилалӣ  бо дурахши хосаи сиёсӣ ҷилвагар гардонидааст.  Яке аз чунин ташаббусҳо пешгирии тағйирёбии иқлим ва ҳал кардани мушкилоти норасоии об дар сайёраи Замин мебошад.

Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло дар нигоштаи хеш, ки дар зер манзур мешавад, ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тавсиф додааст.

— Мушкили об, ки пешорӯи сайёраи мо қарор дорад, солҳои охир бо сабаби гармшавии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо инсониятро ба изтироб овардааст. Яке аз он сарвароне, ки дар сатҳи баланди ҷаҳонӣ ин масъалаи сахт изтиробангези инсониятро гузоштаву бонги  хатар аз фоҷиаҳои имкондошта задаанд, Пешвои миллати мо, Сарвари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз бо пешниҳод ва масъалагузориҳои Сарвари давлати мо дар ҷаласаҳои СММ чандин барномаҳои байналмилалии марбут ба об – ин масъалаи барои инсоният хеле муҳим ва ҷиддӣ қабул гардидаву пайгирӣ карда мешавад. Барномаҳое, чун “Соли байналмиллалии оби тоза, 2003”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, 2005 – 2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” аз ин ҷумл мебошанд.

Ахиран Конфронси оби СММ-2023, ки 22-24 моҳи марти соли равон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ва Подшоҳи Нидерланд Виллем Александр дар Ню Йорк баргузор гардид, аз ҷумлаи самараҳои иқдоми Пешвои миллати мо мебошад.

Конфронс дар Ню Йорк қадами аввал дар роҳи татбиқи  қатъномаи  нави СММ оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 ба шумор меравад. Президенти Тоҷикистон таъкид доштанд, ки ҳадафи конфронс, пеш аз ҳама,  муттаҳид сохтани талошҳои ҷонибҳои гуногун барои  муваффақ ва натиҷабахш гардонидани ин ташаббус мебошад. Ин ҳамоиш ҳамчунин  барои таҳияи уҳдадориҳои  муштараки ҷонибҳо оид ба мавзуъ ва сабти он дар Рӯзномаи амал дар соҳаи об ҳамчун саҳми муносиб доир ба натиҷаҳои конфронси таърихӣ хизмат хоҳад кард.

Инак, бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон ва тибқи қатъномаи СММ  Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2025 мизбони  Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон хоҳад буд, ки ин гувоҳи нақши бузург ва обрӯи байналмилалии Тоҷикистон ва фаъолияти хастагинопазиронаи Сарвари  муҳтарами он  Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли ин масъалаи мубрами ҷаҳонӣ ва мушкили башарият мебошад.

Ба ин муносибат дар партави иқдом ва ташаббусҳои Пешвои миллати мо  баъзе маълумоти ҷолибро оид ба захираҳои об дар Тоҷикистон ва аслан хусусияти хос, аҳамият ва мавқеи об ба хонандагон пешниҳод мекунем, ки донистани он аз аҳамият холӣ нест

Чунонки дар мақолаҳои пешин иброз доштем, мо дар Тоҷикистони биҳиштосо, дар мамлакате зиндагӣ мекунем, ки сарчашмаву саргаҳи обҳои зулоли ошомидании дунё мебошад. Пиряхҳои бешумори кӯҳсорони мо манбаи бузурги обҳои пок мебошанд. 8 фоизи ҳудуди давоати моро пиряхҳо ташкил медиҳанд, ки  масоҳати умумиашон 11,146 ҳазор км2 буда, дар онҳо тақрибан 845 км3 захираҳои об маҳфуз аст.

Дар мамлакати мо 947 дарё ва 1300 кӯл ба масоҳати 705 км2 вуҷуд дорад. Ҳавзаи дарёҳои Ому, Сир, Панҷ, Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон ва зерҳавзаҳои зиёди дигар аз ин ҷумла аст.

Кӯли дар нусхаи худ беҳамтои Сарез,  даҳҳо кӯлҳои оби мусаффои кӯҳҳои Тоҷикистон, рӯдбору обшору чашмаҳои беҳамтои мамлакати шодобамон  саршори обҳои зулоли бебаҳо ва беҳамто дар ҷаҳон мебошанд.

Ташаббусҳои Пешвои миллатамон дар арсаҳои ҷаҳонӣ аз хусуси ҳифзи захираҳои об на фақат барои мардуми мо, балки ба тамоми инсоният ҳушдор медиҳанд, ки дар андешаи ин мушкили ба инсоният таҳдидкунанда бошем. Яъне норасоии об, хатари беш аз беш обшавии пиряхҳо, азияти миллионҳо сокини сайёра аз норасоии об, фавти кӯдакон дар ин замина ва афзудани бемориҳои сирояткунандаву фавти инсонҳо аз масъалаҳое ҳастанд, ки дар суҳбату маърузаҳои Сарвари давлати тоҷикон пайваста мавриди андеша қарор мегиранд ва дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ гузошта шуда, ангезиш ба ҳамагон медиҳанд.

Имрӯз дар ин матлаб дар хусуси қимати об ва аҳамияти он дар зиндагии инсон менависем, ки барои дарки арзиши оби пок ва муҳофизат аз он чун сарчашмаи ҳаёти мо аҳамияти хосса дорад.

Ҳаёт об аст

Об на танҳо сарчашмаи асосии ҳаёт дар рӯи Замин, балки худи ҳаёт аст. Ин моеъи бемисл қисми ҳатмии таркиби тамоми зуҳурот дар сайёра, аз ҷумла худи инсон аст.

Ин мавҷудият номумкин мебуд, агар дар он яке аз муҳимтарин таркиб- (киёно) Н2О намебуд. Хусусият ва ҳолати агрегатии об чунин аст, ки ин  моеи беранги мусаффо бо сайлоният (хусусияти ҷоригӣ доштан), надоштани бӯю таъми хос ва ҳалкунандаи аъло буданаш фарқ дошта, баранда (раҳнамо)-и хуби чизҳои ҳалшаванда ба маҳали таъйиншуда мебошад. Ин махсусият, масалан, ҳангоми дорузанӣ ва ғизодиҳии дарахтон ва дигар растаниҳо хуб  истифода мешавад.

Ҳангоми гармшавӣ  ҳуҷайраҳои об, ҳарчанд номаълум аст, васеъ мешаванд, ҳангоми хунукшавӣ баръакс. Хусусан ҳангоми яхбандӣ рафтори об хеле ғалатӣ аст. Он  боз ҳам васеътар мешавад, ки боиси кафидан ё шикастани зарфе мегардад, ки дар даруни он қарор дорад. Ин амал боиси кафидани қубурҳои обгузар ва садамаҳо дар шабакаҳои гармидиҳӣ  низ мегардад.

Ҳамчунин набояд ба таваккал шишаи обро дар камераи яхбандии яхдон гузошт. Чунин таҷрибаҳо хатарнок мебошанд.

Ба ҳама маълум аст, ки об метавонад дар се ҳолат вуҷуд дошта бошад: моеъ (борон, шабнам, оби қубур); сахт (ях); ва газнок (буғи обӣ). Албатта, аз ҳама паҳншудатар оби ҷории моеъ аст, ки қисмати асосии сайёраи моро фаро гирифтааст.

Бо ин сарчашаи асосии ҳаёт дар Замин, яъне об,  дар замонҳои қадим бисёр бемориҳоро муолиҷа мекарданд. Муолиҷа бо об дар замонҳои мозӣ, дар Мисри қадим, дар антиқа ва ҳатто шояд қадимтар аз он роиҷ буд. Дар рисолаҳои тиббии он замонҳо ба муолиҷа бо об  аҳамияти бештар додаву бисёре аз бемориҳоро тавассути он шифо  мебахшиданд.

Масалан, мавридҳое мешуд, ки одам ба ҳолатҳои ғайримуқаррарӣ меафтод, бехуду девонаавзо мешуд, он гоҳ бар ӯ оби хунук мерехтанд, то он даме ки бемор  ба худ наояд. Ва дар ҳолатҳои  хастагии  беҳад ва бемадорӣ молиши сардро ба кор мебурданд, то пайдо шудани  дурахши нур дар рӯ ва чашми бемор.

Об — беҳтарин воситаи покшавӣ

Аз замонҳои қадимтарин сар карда, бисёре аз маросим бо истифодаи об ба амал бароварда мешуд. Об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт дар Замин беҳтарин воситаи покшавӣ маҳсуб мешуд.

Бале, об на фақат воситаи покизашавӣ, балки сарчашмаи ҳаёт дар Замин  ва кафолати  саломатӣ аст. Пӯсти одам якчанд вазифаҳои хеле муҳимро барои ҷисми одам бар уҳда дорад. Яке аз ин вазифаҳо раҳо ёфтан аз моеъи зиёдатӣ  ва моддаҳои заҳрноку дажғоли бадан мебошад. Пӯсти солим ва тоза  гарави дуруст тоза кардани ҷисм аз гарду чанги нодаркори муҳит аст.  Мувофиқи тавсияи табибон,  камаш як бор дар як рӯз бояд шустушӯи бадан кунем. Қабули ҳаммом на фақат амалиёти тозакунанда аст, балки воситаи аълои баланд бардоштани  масуният (иммунитет) –и бадан ва беҳтар кардани муқовимати ҷисм бар зидди бемориҳо мебошад.

Яке аз воситаҳои ба даст овардани оби тоза -истифода аз обтозакунакҳо (филтр) мебошад, ки барои покӣ ва фаъолияти солими узвҳо ногузир аст. Ҳеҷ гуна нӯшокиҳои дигар наметавонанд онро иваз кунанд. Беҳуда нест, ки ҳангоми бемории сармохӯрӣ духтурҳо нӯшидани ҳарчи бештари моеъотро тавсия медиҳанд. Обтозакунакҳо кафолати оби тоза мебошанд. Агар мо ба истифодаи об оқилона муносибат кунем, таъсири баманфиати онро зуд эҳсос мекунем. Аз воситаҳои дастрас дар хона метавон ба обсовиш (масҳ бо об), обрезӣ ва ё қабули ҳаммом машғул шуд.

Шиноварӣ низ ба манфиати саломатии инсон аст. Баъд аз иҷрои ин амали хеле муфид ҳамеша табъи инсон хуш шуда, эҳсоси сабукӣ ва нерумандӣ мекунад. Машғулият дар ҳавзҳои шиноварӣ ба тамоми узвҳо таъсири мусбат мерасонад.

Об — василаи асосии шифобахши табиат

Неруи пурэъҷози об яке аз воситаҳои асосии шифобахши табиат мебошад. Бе он ҳаёт дар сайёра номумкин мебуд. Ҳама организм  ва рустаниҳо ба намии ҳаётбахш эҳтиёҷ доранд. Аз ин рӯ аҳамияти истифодаи ин сарчашмаи бемисл дар тибби мардумӣ, ки ҳадафаш барқарор кардани саломатӣ, кам кардани дарду ранҷ ва беҳтар кардани ҳолати умумии  саломатии инсон аст, маълум мегардад.

Имрӯзҳо шифохонаҳои обии муҷаҳҳаз бо навтарин ҷиҳози тиббӣ теъдоди зиёди васоили муолиҷаро пешниҳод мекунанд. Души серкулярӣ, масҳи зериобӣ, ваннаҳои гуногун, души Шарко барои харобшавӣ ва ғайра аз ин ҷумла мебошанд. Муолиҷа бо об ҳам барои пешгирӣ ва ҳам барои шифои бемориҳо ба кор бурда мешавад.

Барои муолиҷа ҳатто аз оби муқаррарӣ истифода мебаранд. Чунин мешуморанд, ки об, хусусан оби хунук қобилияти шустани неруҳои носолимро аз бадан дошта, онро бо неруи шифобахш пур мекунад.

Барои халос шудан аз энергияи нохуб бояд пои урён бар рӯи замин истода, бар худ об рехт. Ҳама чизҳои нодаркор ва зиёдатӣ аз бадани шумо бояд ба зери замин равад. Барои тоза кардани ягон мавод онро се рӯз дар об медоранд ва обро ҳар рӯз иваз мекунанд.  Ё он маводро як соат дар зери оби ҷорӣ мегузоранд.

Одамон ҳамеша мекӯшиданд дар канори рӯду обанбор, баҳру дарёҳо зиндагӣ кунанд, хусусан дар фаслҳои гармо. Худи инсон 80 фисад аз об иборат аст. Ва об дар ҳаёти мо ва узвҳои мо нақши бузург мебозад.

Об — маҳлули ҳалкунанда

Об ҳамаҷониба маҳлули ҳалкунанда аст. Агар мо тартиби дурусти обнӯширо нигоҳ дорем, метавонем мутобиқати қисматҳои муайяни пӯсти мағзи сарро  беҳтар намоем. Ҳаргиз истеъмоли обро барои худ маҳдуд набояд кард. Беҳтар аст кам-кам ва зуд-зуд, дар як рӯз 1,5 – 2 литр об нӯшид.

Тамоми зуҳуроти биологӣ дар таркиби худ об дорад. Об  асоси ҷараёни ҳама мубодилот буда, таъсири худро дар ҳазми хӯрок, пайдоиши ҳуҷайраҳои нав, танзими ҳарорати бадан, раҳоӣ аз дажғол ва токсинҳо (моддаҳои заҳрнок) мегузорад.

Агар ҷисми инсон бо миқдори оби зарурӣ таъмин карда шавад, ин ба инсон неру ва тобоварии лозимиро муҳайё мекунад. Истеъмоли об барои фуровардани иштиҳо ва нигоҳдории вазн мусоидат мекунад. Беобӣ барои ҳар ҷисми зинда ва растанӣ метавонад марговар бошад. Дар вуҷуди инсон беобӣ метавонад боиси хушкшавии пӯст, хориш, хастагӣ, беҳавсалагӣ гардад. Агар инсон муддати  ду рӯз ё бештар аз он об нанӯшад ва боз дар ин муддат ғизо ҳам нахӯрад, дарди сару мушакҳо пайдо шуда, фишор боло меравад ва гурдаҳо наметавонанд фаъолият кунанд. Марг аз беобӣ метавонад баъди 5-10 рӯзи гуруснагии пурра фаро расад.

Чашмаҳои равон ҳамеша дар байни мардум аз ҳама шифобахш ҳисобида мешуданд. Беҳтарин сифатҳои шифоиро оби тозаи ҷорӣ то баромадани хуршед бо худ дорад. Ин обро ҳангоми оромии мутлақ гирифтан даркор аст. Оби чашма он қадар тоза, нарм ва гуворотаъм мебошад, ки зарурат ба ягон обсофкунак надорад.

Сарчашмаи ҳаёт – об, ки қудрати шифобахшияш ба инсонҳо на як бор собит шудааст, метавонад дар шакли борон ё шабнами саҳар низ манфиат оварад.

Аввалҳаёт  дар об ба вуҷуд омадааст ва об на фақат сарчашмаи ҳаёт, балки нерубахши доимии он аст. Тавлиди аввалин нишонаҳои ҳаёт маҳз дар об ба зиёда аз 4 миллиард соли пеш рост меояд. Тадриҷан микроорганизмҳо ба хушкӣ кӯчиданд, ки ин ҳама дар муддати миллионҳо сол амалӣ гардидааст. Ба шарофати ҷараёнҳои табиии таҳаввулот дар айни замон дар сайёраи мо рангобарангии бесобиқаи дунёи растаниву ҳайвонот  ба вуҷуд омадааст. Сарчашмаи ҳаёт — об таъсири бузурге ба шаклгирии иқлим ва табиат гузоштааст.

Об он манбае аст, ки баъд аз ҳаво онро бояд ҳифз кард. Вақтҳои охир масъалаи экологии ифлосшавии сарчашмаву манбаъҳои обӣ ба вуҷуд омадааст, ки ба натиҷаҳои бисёр нохуш оварданаш мумкин аст, мисли бемориҳо ва ҳатто марги баъзе намудҳои моҳӣ, ҳайвонот ва растаниҳо. Бад-ин тариқ сарчашмаи асосии ҳаёт дар Замин- об ифлос шуда, сифати худро дигар мекунад, ки дар оянда он ба гардиши об ва табиат метавонад зиёнҳои  мудҳиш орад. Бояд фавран корхонаҳои обтозакуниро навсозӣ намуд, то ки обҳои ифлос ба обанборҳо наомезанд ва муҳити зистро ифлос накунанд.

Об — асоси ҳама асосҳо

Сол то сол захираҳои оби тоза кам мегардад ва хароҷот меафзояд. Саноат бо суръати баланд тараққӣ мекунад, талабот ба обёрӣ меафзояд, аҳолӣ зиёд мегардад. Мутаассифона, инкишофи босуръати ҷомеа  ва тараққиёт дар маҷмуъ ба олами атроф таъсири манфӣ мерасонад. Оби нӯшокӣ дар баъзе кишварҳо арзиши хеле баланд пайдо кардааст, хусусан дар кишварҳои Африқову Осиё. Ба ҳалли ин мушкилӣ бисёр ташкилоти байналмилалии  олам машғул мебошанд, аз ҷумла ЮНЕСКО. Ҳамчунин ба кишварҳои ҷаҳони сеюм  созмонҳои бузурги молиявии кишварҳои пешрафта кумак мерасонанд.

Донистани  маълумот дар хусуси захираҳои оби Замин,  обанборҳое, ки барои истеъмол ва истифодаҳои дигар талаботи мардум коршоям бошад,  вобаста ба таъмини об хеле муҳим аст. Таҷрибаҳои зиёде, ки гузаронида мешаванд, тасаввуроти моро дар хусуси илми муосир аз реша дигар мекунанд. Далелҳои дақиқе вуҷуд доранд, ки об на фақат моеъи беранг аст, балки асоси ҳама асосҳо мебошад.

Таҳияи Камол НАСРУЛЛО,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

 

Июнь 4, 2023 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

САРМОЯИ ИНСОНӢ. Рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дорад
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ АЗ НИГОҲИ АСТРОНОМӢ. Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20 март фаро мерасад
21-УМИ МАРТ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ПАЗИРОИИ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода
Нақши «дипломатияи фарҳангӣ» дар ташаккули симои мусбати давлат дар хориҷа назаррас аст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли равғани зард эҳтимоли гирифтор шудан ба сироятҳои гуногуни вирусиро коҳиш медиҳад
ПИРЯХҲО-ҚИСМИ МУҲИМИ БИОСФЕРА ВА ОБЪЕКТИ ТАҲҚИҚОТИ ГЕОЭКОЛОГӢ. Андешаҳои дотсент Ҳаким Ғаюров дар ин маврид
Дар доираи Форуми минтақавӣ оид ба рушди устувор таҳти унвони «Пиряхҳо сарчашмаи оби тоза» ҳамоиш баргузор гардид