Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барномаи фарҳангию фароғатӣ доир мегардад

Июнь 1, 2023 10:00

ДУШАНБЕ, 01.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 июн, соати 18:00 бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар «Боғи кӯдакон»-и пойтахт таҳти унвони «Кӯдакон-дунёи моянд!» барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш намоиши маҳсули эҷоди кӯдакону наврасони муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои пойтахт ба тамошо гузошта шуда, инчунин баргузории дигар бозиҳои шавқовар барои кӯдакон дар назар дошта шудааст. Зимни он ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуну мусобиқаҳои зеҳнию маърифатӣ ва варзишӣ диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешавад.

Инчунин бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе барномаҳои тарбиявию маърифатӣ ба роҳ монда шудааст, ки то охири рӯз барои хотирмон таҷлил намудани ин ид манзури кӯдакон гардонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола якуми июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон гузаронида мешавад. Ин яке аз идҳои муҳими байналмилалӣ мебошад, ки баргузории он аз соли 1925 дар конфронси байналмилалӣ оид ба беҳбуди ҳаёти кӯдакон дар шаҳри Женеваи Швейтсария ба роҳ монда шудааст.

АКС: Дидор Саъдуллоев

Июнь 1, 2023 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад