«ҶОВИДОН БОД ҶАВОНӢ ВА ҶАВОНОН!». Дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ бо барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 01.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар толори Муассисаи давлатии амфитеатри Аҳорун дар доираи ҷамъбасти моҳвораи ҷавонон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон!» ҳамоиши тантанавӣ бо барномаи фарҳангӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Қабл аз оғози ҳамоиш меҳмонон аз намоишгоҳи дастовардҳои илмиву эҷодии наврасону ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва олии касбӣ дидан намуданд.
Таъкид гардид, ки тибқи маълумоти оморӣ, аз шумораи умумии аҳолии пойтахт қариб 35,6 фоизи онро ҷавонони 14-30-сола ташкил медиҳанд. Дар шаҳри Душанбе дар айни замон 25 муассисаи таҳсилоти олӣ, 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 192 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дорад, ки ниёзи ҳазорҳо наврасону ҷавононро қаноатманд месозанд.
Гуфта шуд, ки ҷавонон ба ҳайси неруи созанда ва пуриқтидори ҷомеа дар меҳвари асосии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, метавонанд барои амалӣ намудани нақшаҳои муҳими Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе саҳми босазо гузоранд.
Дар идома ба якчанд сохтори шаҳриву ҷумҳуриявӣ, ки дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва чорабиниҳо дар доираи моҳвораи ҷавонон саҳми арзанда гузоштанд, Сипоснома ва Ифтихорнома супорида шуд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад






