Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро ба сарҷамъиву муттаҳидӣ ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ даъват намуданд
ДУШАНБЕ, 27.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро ба сарҷамъиву муттаҳидӣ ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ даъват намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки фарҳанги сулҳ пурарзиштарин неъмат ва беҳтарин дастоварди халқи тоҷик, ифодагари орзуву ормон ва нияту мақсадҳои наҷиби мардуми шарифи мамлакат мебошад, ки арзишҳои ҷовидонаи инсондӯстиву фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ намудаанд.
Ҳамчунин, Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар шароити ниҳоят печидаву ҳассоси минтақа ва ҷаҳони муосир тарғибу талқини ғояҳои сулҳу амният, суботу оромӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва омӯхтани таъриху фарҳанги миллат аҳаммияти аз ҳарвақта бештар пайдо намудааст.
«Тазодҳои замони муосир, зуҳури ғояҳои хатарбор, шиддат гирифтани муборизаҳои мафкуравӣ, рақобатҳои иттилоотӣ ва хатарҳои дигар, ки тӯфони ҷаҳонишавӣ бо худ меоварад, моро водор месозанд, ки андешаи муқаддаси ваҳдати миллиро ба хотири саодати миллат ва бақои давлат ҳарчи бештар густариш бахшем», — таъкид намуданд Роҳбари давлат.
Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми Тоҷикистон даъват намуданд, ки дар ҳама ҳолат сарҷамъу муттаҳид, ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатии худ омода бошанд, истиқлолу озодиро ҳамчун неъмати муқаддастарини ҳаёт ва ваҳдати миллиро чун дастоварди бузургтарини халқи тоҷик эҳтиёт ва ҳифз намоянд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 27 июн дар Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллӣ бо шаҳомати хос таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин ҷашн дар саросари ҷумҳурӣ баргузории ҷамъомаду ҳамоишҳо, барномаҳои консертӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзию хурокворӣ идома дорад.
АКС аз бойгонӣ








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






