Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Шумораи ками аризаҳои эътирозӣ (апеллятсионӣ) аз ҷумлаи далелҳои муътамад ва нишондиҳандаи шаффофияти Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аст»

Июнь 22, 2023 11:18

ДУШАНБЕ, 22.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз қайд гузаронидани хоҳишмандоне, ки дар даври асосии бақайдгирӣ натавонистанд аз қайд гузаранд, даври дуюми бақайдгириро оғоз намуд. Даври мазкур аз 10 июн оғоз гардида, то 30 июн идома меёбад. Хабарнигори Агентии миллии итилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар арафаи имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олии мамлакат бо директори Маркази миллии тестӣ Сабзалӣ Ҷаъфарзода мусоҳиба намуд, ки онро пешкаши хонандагон мегардонем.

АМИТ «Ховар»: — Дар аввал оид ба рафти омодагиҳо ба имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ маълумот медодед.

С. Ҷаъфарзода: — Корҳо барои омодагӣ ба Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 тибқи нақша идома доранд. Муассисаҳои таълимие, ки дар заминаи онҳо марказҳои имтиҳонӣ барои баргузории имтиҳонҳои мазкур ташкил карда мешаванд, муайян ва рӯйхатташон тасдиқ шудаст. Марказ ин рӯйхатро дар сомонаи худ ҷойгир кард.

Тибқи рӯйхати мазкур, ки дар асоси таҳлили шумораи умумии хатмкунандагон ва довталабони азқайдгузашта вобаста аз шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини дастрасии осони довталабон таҳия гардидааст, барои имтиҳонсупории довталабон дар 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 45 маркази имтиҳонӣ ташкил карда мешавад.

Имсол дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Ёвон марказҳои имтиҳонӣ бори нахуст ташкил карда мешаванд. Марказ дар ҳамкорӣ бо раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ин марказҳоро тибқи талаботи муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда истодааст.

Марказ бо мақсади гузаронидани Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2023 кормандони муваққатиро ба кор ҷалб менамояд. Кормандон барои ба кор ҷалб кардан аз рӯйи панҷ гурӯҳи зерини вазифаҳо дар машғулиятҳо омӯзонида шуданд:

1) роҳбари маркази имтиҳонӣ

2) ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ

3) маъмури калони имтиҳон

4) маъмури имтиҳон

5) бақайдгирандаи маркази имтиҳонӣ.

Соли равон барои кори муваққатӣ дар марказҳои имтиҳонӣ 2 569 нафар шахси хоҳишманд ҳуҷҷат супориданд, ки тибқи натиҷаҳои баррасии ҳуҷҷатҳои пешинҳодшуда ба 2 535 нафари онҳо барои иштирок дар машулиятҳои омӯзишӣ иҷозат дода шуд.

Машғулиятҳо аз рӯйи барнома, модули омӯзишӣ ва маводи иловагии ёрирасон аз ҷониби 35 корманди муваққатии ҳамчун тренер ҷалбкардаи Марказ ва 23 корманди доимии он дар 25 муассисаи таълимии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ аз 5 то 15 июн баргузор карда шуданд.

Иштирокдорони чунин дарсҳо, яъне шунавандагони машғулиятҳо пас аз ду рӯзи дарсӣ дар асоси дарсҳои омӯхтаашон (бо такя ба барнома, модули омӯзишӣ ва маводди иловагии ёрирасон) бо пешниҳоди саволномаҳо, баъди арзёбии донишу маҳораташон дар асоси талаботу принсипҳои муқарраршуда тибқи вазифаҳои номбурда интихоб ва ба кори муваққатӣ дар Марказ ҷалб карда мешаванд.

Марказ бо ҳар як корманди муваққатӣ шартнома мебандад, ки дар он вазифаю уҳдадориҳо, муҳлати кор, музди меҳнат ва маълумоти дигари зарурӣ қайд мегардад.

Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марказ имтиҳонҳо – қисмҳои А (дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ)-ро дар марказҳои имтиҳонӣ, ки дар заминаи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои интихобшудаи ҷумҳурӣ ташкил карда мешаванд, бо ҷалби кормандони муваққатӣ аз рӯйи вазифаҳои дар боло ёдоваршуда баргузор мекунад.

Вобаста ба ин, барои баргузории имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б дар соли ҷорӣ дар 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 45 маркази имтиҳонӣ ташкил мегардад, ки дар онҳо беш аз 2 000 нафар ба кори муваққатӣ ҷалб карда хоҳанд шуд.

АМИТ «Ховар»: — Метавонед бигӯед, ки имсол чӣ миқдор довталаб барои дохил шудан ба мактабҳои олии мамлакат ва коллеҷҳо ҳуҷҷат супориданд, нисбат ба соли гузашта ба кадом фаннҳо талабгор зиёд ва ё кам шудааст?

С. Ҷаъфарзода: — Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар давраи асосии бақайдгирӣ – аз 1 март то 1 май барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ -2023 ҳамагӣ 73 473 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11‑ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз қайд гузаштаанд.

Шумораи мазкур ҳамагӣ 74,22 %-и нақшаи қабули донишҷӯёнро дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои соли таҳсили 2023-2024 ташкил медиҳад. Шумораи хатмкунандагони синфи 11 дар соли ҷорӣ ҳамагӣ 105839 нафарро ташкил медиҳад, ки он нисбат ба соли 2022 13853 нафар камтар аст. Аз ин шумора дар давраи асосии бақайдгирӣ ҳамагӣ 68675 нафар (64,89 %) барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2023 худро номнавис кардаанд.

Бояд гуфт, ки тибқи омори соли 2022, аз шумораи умумии хатмкунандагони синфи 11 ҳамагӣ 61,41 %-ашон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ -2023 худро номнавис карда буданд.

Гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) аз ҳама серинтихоб буда, шумораи довталабони ин гурӯҳро интихобкарда 99,14 %-и ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳро ташкил медиҳад. Солҳои пеш низ ин гурӯҳи ихтисосҳоро довталабон нисбат ба гурӯҳҳои дигар бештар интихоб мекарданд. Баръакс, гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) аз ҳама каминтихоб буда, шумораи довталабони ин гурӯҳро интихобкарда ҳамагӣ 44,81 %-и ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳро ташкил медиҳад. Солҳои пеш низ ин гурӯҳи ихтисосҳоро довталабон нисбат ба гурӯҳҳои дигар камтар интихоб мекарданд.

Тавре маълум аст, тавассути Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ қабули донишҷӯён инчунин ба коллеҷҳо дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) амалӣ мегардад. Вобаста ба ин, шумораи довталабони дорои таҳсилоти умумии асосии дар давраи асосии бақайдгирӣ номнавис шуда ба 13068 нафар баробараст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2022 368 нафар (2,9 %) зиёд аст. Шумораи мазкур ҳамагӣ 108,62 %-и нақшаи қабули донишҷӯёнро дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ барои соли таҳсили 2023-2024 ташкил медиҳад.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки айни замон давраи дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2023 дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт ҷараён дорад.

Навгонии ин раванд дар соли ҷорӣ аз он иборат аст, ки довталабон дар ин давра ҳангоми бақайдгирӣ ё азнавбақайдгирӣ барои имтиҳонсупорӣ дар даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) яке аз чор шаҳр – Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва ё Кӯлобро интихоб карда метавонанд. Хотиррасон мекунем, ки солҳои пеш даври иловагӣ (дуюм)-и имтиҳонҳо танҳо дар шаҳри Душанбе баргузор карда мешуд.

АМИТ «Ховар»: — Моҳи апрели соли ҷорӣ Маркази миллии тестӣ муроҷиатнома қабул карда буд. Сабаби ҳушдор додан дар ин мурҷиатнома дар чист?

С.Ҷаъфарзода: — Марказ на танҳо имсол, балки ҳар сол дар давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба довталабон ва волидайни онҳо муроҷиат мекунад. Ҳадаф аз ин муроҷиатнома пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои номатлуби марбут ба Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва таъкиди довталабон барои дуруст амал кардани онҳо дар марҳалаи номнависӣ ва имтиҳонҳо аст.

Дар ин муроҷиатнома таъкид карда мешавад, ки Марказ шаффофияту адолатро аз муҳимтарин усули кори худ қарор дода, таъмини онро дар ҳамаи раванду марҳалаҳои имтиҳонот кафолат медиҳад. Вобаста ба ин, Марказ дониш ва малакаю маҳорати ҳар яке аз довталабонро воқеӣ (объективона) арзёбӣ карда, ҳеҷ гоҳ ба дахолати инсонӣ (аз берун), тақаллуб ва амалҳои ба ин монандро дар имтиҳонҳо роҳ намедиҳад. Барои пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб дар раванди имтиҳоноти дохилшавӣ бо камоли масъулият тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Бо вуҷуди ин ҳама, эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразноку қаллобона ва авомфиребию ваъдаҳои бардурӯғ аз ҷониби баъзе шахсон дар бобати дохил кардани довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ мавҷуд аст. Дар ҳолати ба чунин қаллобон, ки бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт баъзе аз довталабон ва падару модари онҳоро фиреб дода, ба онҳо ваъдаи кумак карданро барои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо медиҳанд, дучор шудан, ҳаргиз набояд фирефта шуд.

Бо дарназардошти он ки дар арафаи оғози даври якуми имтиҳонҳо қарор дорем, чун ҳамеша, бори дигар таъкид месозем, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ягон таъсире расонида наметавонад. Албатта инро натиҷаҳои кори қариб даҳсолаи Марказ низ собит сохтааст.

Агар довталабон ва падару модари онҳо аз имконоти барояшон фароҳамовардаи Марказ огаҳ бошанду онро ҳадафмандона ва дуруст истифода кунанд, имкони амалҳои номатлуб аз ҷониби қаллобону мардумфиребон ба вуҷуд нахоҳад омад.

АМИТ «Ховар»: — Аз фаъолияти Маркази миллии тестӣ қариб 10 сол пур мешавад. Оё он ҳадаф ва мақсадҳое, ки аз тарафи роҳбарияти мамлакат, алалхусус аз ҷониби Сарвари давлат ҷиҳати таъмини адолат, шаффофият ҳангоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ гузошта шуда буданд, иҷро гардиданд ё не? Ҳоло кадом вазифаҳои нав дар назди Марказ гузошта шудааст?

С.Ҷаъфарзода: — Таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳандозии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз ҷумлаи дастоварду комёбиҳои соҳаи маорифи мамлакат дар замони Истиқлоли давлатӣ мебошад.

Бо таъсис ва ба фаъолият шуруъ намудани Маркази мазкур мушкилот, аз қабили зуҳуроти коррупсионӣ – тақаллубкорию беадолатию нобаробарӣ, тағобозию воситакобӣ ва ғайра зимни қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Имтиҳонҳои дохилшавии марказонидашуда аз байн рафт.

Инчунин ташвишу саргардонии довталабону наздикони онҳо дар заминаи замонию маконӣ хотима ёфт: дигар зарурате барои аз гӯшаҳои дурдасттарини ҷумҳурӣ ба муассисаи таълимӣ ҳозир гаштани довталаб бо сарфи вақту маблағи зиёд ҷиҳати имтиҳонсупорӣ намонд. Акнун ҳар довталаб дар маҳалли зисти худ (ё ба он наздик) метавонад, ки бо пардохти танҳо маблағи хизматрасонӣ дар Имтиҳонҳои дохилшавии марказонидашуда дар муҳлати муайян худро номнавис карда, баъдан имтиҳон супорад.

Бо мақсади дастрасии баробари хоҳишмандон ва осонии кори онҳо, озоду шаффоф баргузор намудани имтиҳонҳо дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ тибқи ин низом марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шуда, ба ҷуз давраҳои асосии бақайдгирӣ, ҳамчунин барои онҳое, ки дар ин давра берун аз ҷумҳурӣ қарор доранд ё бо сабабҳои узрнок дар ин давра худро номнавис карда наметавонанд, Марказ давраҳои иловагии бақайдгириро роҳандозӣ мекунад.

Аз он лиҳоз ки хоҳишмандони таҳсил дар мактабҳои олию миёнаи касбӣ ҳангоми бақайдгирӣ ҳаққи интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро доранд, имкониятҳои онҳо дар ин замина афзуд.

Аз ҳама муҳимаш, довталаб танҳо дар асоси донишу маҳорат ва лаёқати худ ба номи донишҷӯй сазовор мегардад. Номнависии довталабон ҷиҳати иштирокашон дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва натиҷаи ин имтиҳонҳо низ низ тавассути технологияи муосир ва навтарин роҳандозӣ карда мешавад, ки ин барои шаффофу одилона ва бе тақаллубкорӣ гузаронидани онҳо муҳим аст.

Озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии миёнаю олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон дар асоси натиҷаи имтиҳонҳояшон ба таври худкор бо истифода аз барномаи компютерии махсус бе таъсири омили инсонӣ анҷом дода мешавад.

АМИТ «Ховар»: — Низоми имтиҳоноти тестӣ чӣ афзалият ва дар баробари ҳамин чӣ номукамалиҳо дорад?

С.Ҷаъфарзода: — Тибқи тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро Марказ дар шакли тестгузаронии варақаии мутамарказ (қисмҳои А ва Б) дар марказҳои имтиҳонӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор дар намуди имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус (қисми В) дар худи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мемонанд.

Вобаста ба ин, низоми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар тӯли 9 соли амали худ нишон дод, ки бо истифода аз маводи тестӣ низ амалисозии вазифаи дар назди Марказ гузошташуда – арзёбии дониш ва маҳорату малакаи довталабон ва тақсимоти онҳо ба муассисаҳои таълимӣ дар асоси натиҷаҳои ин арзёбӣ комилан ва бидуни ҳеҷ норасоӣ имконпазир аст. Зеро дараҷаи дониш ва маҳорату малакаи гурӯҳ (контингент)-и ҳамасола дар имтиҳонҳо иштироккунанда, яъне омодагии онҳо бо истифодаи тест бидуни ҳеҷ мушкилу ноқисӣ ба таври воқеъбинона арзёбӣ карда мешавад.

Бояд гуфт, ки тестгузаронӣ нисбат ба имтиҳонҳои дигари хаттӣ бартариҳои зиёд дорад, аз ҷумла:

  • чун дар тестгузаронӣ аз байн рафтани таъсири омили инсонӣ ва тақаллубкорӣ;
  • сарфаи вақт ва маблағ аз ҳисоби кам кардани шумораи кормандон барои санҷиши корҳои хаттӣ;
  • истифодаи навъ ва шаклҳои гуногуни саволҳо (кушода, пӯшида);
  • коркарди фаврии натиҷаҳои имтиҳон;
  • тавлиди фаврии ҳисоботи гуногун.

Яке аз бартариҳои муҳимми дигари низоми миллии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ комилан мутамарказ буданаш аст, ки бартарии асосии он ба ҳисоб меравад. Тамоми раванди низомро аз оғоз то ба анҷом Марказ дар ҳамаи қаламрави мамлакат ташкил ва баргузор менамояд. Мутамарказсозӣ вокуниши низоми муташаккиле аст барои пешгирӣ аз таҳрифи иттилоот ҳангоми интиқоли он тавассути шумораи афзояндаи дараҷаҳои идорӣ (маъмурӣ). Аз ҷумлаи бартариҳои мутамарказсозии самти муайяни фаъолият таъмини сатҳи баланди назорату идора ва ҳамоҳангсозии иҷрои амалу равандҳо; истифодаи меъёру стандарти ягона ҳангоми иҷрои амалу равандҳо; истифодаи муассири кадрҳо, технологияҳо ва таҷҳизоту воситаҳои техникӣ; ташкили пойгоҳи ягонаи додаҳо, ки таҳлили фаврии маълумот ва омодасозии маълумоти омории дақиқу муътамадро барои қабули қарорҳои дахлдор таъмин мекунад; таъмини таъсири бозгаштии натиҷаҳо мебошад.

Ҷорӣ кардани талаботу қоидаҳои ягонаи бақайдгирию имтиҳонсупорӣ, истифодаи тестҳо ҳамчун афзори муътамади арзёбии дастовардҳои таълимӣ, корбурди технологияи навтарин дар ташкилу баргузории имтиҳонот ва арзёбии натиҷаҳои имтиҳон ва ба ҳадди камтарин расонидани омили инсонӣ ба натиҷаи имтиҳонҳо ва монанди инҳо боис шуд, ки дастрасии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва шаффофияти имтиҳонот комилан таъмин гардад.

Шумораи ками аризаҳои эътирозӣ (апеллятсионӣ)-и аз ҷониби довталабон пешниҳодшуда ва қариб ба ҳадди нестӣ расидани он дар солҳои охир аз ҷумлаи далелҳои муътамад ва нишондиҳандаи шаффофияти Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва фаъолияти Марказ аст.

Дар робита ба тест бояд таъкид кард, ки мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯза баъзе аз шахсон моҳият ва мақсади тест, бахусус низоми тестӣ ва Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро дуруст дарк намекунанд, ҳатто онро аз усули одии саволгузорӣ дар раванди таълим фарқ намесозанд.

Тест як равиши арзёбии дониш, маҳорат ва малака аст ва вазифаи ҳеҷ яке аз равишҳои дигари арзёбии дониш, аз ҷумла имтиҳони хаттӣ, ташаккул ва рушди дониш нест.

АМИТ «Ховар»: — Сифати таҳсил аз тарафи Маркази миллии тестӣ мониторинг мешавад? Сатҳ ва сифати таҳсил дар мактабҳои олӣ баъд аз ҷорӣ шудани низоми имтиҳоноти тестӣ беҳтар шудаст ё не?

С.Ҷаъфарзода: — Сифати таҳсилот яке аз масъалаҳои муҳимтарини соҳаи маорифи мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳамеша дар мадди назари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Марказ низ пайваста барои тарғибу ташвиқи бештари донишандӯзӣ, ки яке аз омилҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот аст, кӯшиш мекунад.

Тавре маълум аст, ҳадафи асосии низоми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба роҳ мондани қабули мутамарказу шаффоф ва одилонаи донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Таъсири бозгаштии натиҷаҳои ин имтиҳонҳо ба зинаҳои гуногуни таҳсилот, аз ҷумла ба таҳсилоти миёнаи умумӣ, мусбат аст ва он омили беҳбудии сифати таълим дар муассисаҳо хоҳад буд. Вобаста ба масъалаи таъсири бозгаштии натиҷаҳои Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ Марказ ҳамасола таҳлилҳои омории натиҷаҳои имтиҳонҳои мазкурро аз рӯйи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мувофиқи нишондиҳандаҳои асосӣ (аз бақайдгирӣ то озмуни тақсимот) вобаста аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо ва ғайра анҷом дода, барои ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо сари вақт дастрас кардани онҳо чораҳо меандешад. Масалан, соли 2022 тибқи натиҷаҳои ин имтиҳонот низ якчанд ҷадвали оморӣ аз рӯйи нишондиҳандаҳои гуногун омода гардид, ки Марказ истифодаи онҳоро ба ҳар яке аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ якҷоя бо раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ барои баланд бардоштани сифати таълим ва фаъолтар гардонидани иштироки довталабон дар ӣмтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тавсия дод.

Марказ дар ҳамин робита ва бо мақсади дастгирии иҷтимоӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватандӯстии ҷавонон ва ҳавасмандсозии онҳо, аз ҷумла ҳар сол даҳгонаи беҳтарини довталабонро дар ИМД, ки аз рӯйи дастовардҳо – холҳои бадастовардаашон дар ҷойи аввал қарор мегиранд ва тибқи рейтинги ҳамгиро (интегралӣ) аз ҳамаи субтестҳо дар имтиҳонҳои номбурда мақоми болотаринро соҳиб мешаванд, муайян ва қадр менамояд. Инчунин, Марказ тибқи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намудани солҳои 2020-2040», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020 тасдиқ гардидааст, довталабонеро, ки аз рӯйи дастовардҳо – соҳиб шуданашон ба шумораи имконпазири ҳадди аксари холҳо (ШИҲАХ) аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо аз ҷумлаи беҳтаринҳоянд (номинаи дуюм) низ қадрдонӣ мекунад.

Мавриди тазаккур аст, ки яке аз самтҳои фаъолияти оинномавии Марказ гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот ва арзёбии дониши хонандагон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути пажӯҳишҳои миллӣ ва байналмилалӣ аст.

Вобаста ба ин, Марказ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ арзёбии дониши хонандагонро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мегузаронад.

Масалан, соли 2021 Марказ тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат, марҳалаи 1» 15 ва 16 апрел таҳқиқотро оид ба арзёбии миллии дастовардҳои таълимии хонандагони синфи 5-ум аз фанҳои забони тоҷикӣ, математика, табиатшиносӣ ва хонандагони синфи 11 аз фанҳои забони тоҷикӣ, математика, физика, химия ва биология баргузор кард.

Бояд гуфт, ки арзёбии дастовардҳои таълимӣ неруи ҳаракатдиҳандаи фаъолияти таълим ва воситаи баланд бардоштани сифати таҳсилот ба шумор меравад.

АМИТ «Ховар»: — Ташаккур, барои суҳбат!

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Июнь 22, 2023 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон масоили инфрасохтори рақамӣ барои ҳукумати электронӣ баррасӣ шуд
Даҳгонаи беҳтарин довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии солҳои 2023-2024 муайян гардиданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Волидони ғолибони озмун сазовори нишони «Маърифатпарвар» гардиданд
Намояндагони Тоҷикистон дар конфронси ҷаҳонии рушди таҳсилоти касбӣ дар Чин иштирок намуданд
Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи касбии Заоҷуани Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Маркази барномаҳои байналмилалӣ барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ дар давлатҳои хориҷӣ қабули ҳуҷҷатҳоро эълон намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Маркази миллии тестӣ барои хатмкунандагони 530 муассисаи таълимӣ имтиҳонҳои озмоишӣ баргузор менамояд
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» ҷамъбаст мешавад
Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи касбии Линий созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ҲАВАСМАНД НАМУДАНИ ОМӮЗГОРОН. Дар шаҳри Хоруғ ба 112 муаллим ва табиб замини наздиҳавлигӣ дода мешавад
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «ASMOPSS» соҳиби ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд