ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 июн, сешанбе, 157-умин рӯзи соли 2023 аст

Июнь 6, 2023 08:00

6 июни соли 2022 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки осиёии рушд Шиксин Ченро, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд.

***

6 июни соли 2011 Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Парлумони Иттиҳоди Аврупо суханронӣ намуда, бо роҳбарияту вакилони парлумон, Дабири кулли Шӯрои Аврупо ва дигар сохторҳои Иттиҳоди  Аврупо мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом доданд. 

***

11 сол пеш, 6 июни соли 2012 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҳамоиши  навбатии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бо  президентҳои Покистон ва  Эрон мулоқот анҷом доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузург дар рушди варзиш ва ҳаракати олимпӣ бо медали тиллои Кумитаи олимпии Чин сарфароз гардонда шуданд.

6 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии  забони русӣ.

***

Дар Аргентина — Рӯзи муҳандисон.

***

Дар Қазоқистон — Рӯзи полиси молиявӣ.

РӮЙДОДҲО: 

6 июни соли 2022, дар Душанбе дар  доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки аз 6 то 9 июни соли 2022 баргузор шуд, панҷ Форуми конфронси пешазконфронсӣ оғоз гардид.

***

31 сол муқаддам, 6 июни соли 1992 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон муносибатҳои дипломатӣ барпо гардиданд.

***

14 сол пеш, 6 июни соли 2009 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Нозимов бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон, дараҷаи 3 сарфароз гардонда шуд.

***

6 июни соли 2011 дар шаҳри Страсбурги Фаронса Конвенсия дар бораи дар Аврупо эътироф намудани маълумоти олии дар Тоҷикистон гирифташуда ба имзо расид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ… 

Соли 2018 дар Душанбе таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи тадорукоти баргузории Конференсияи байналмилалӣ оид ба  оғози  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Қоҳир Расулзода ҷаласаи сеюми ин Кумита доир гардид.

***

Соли 2014 дар Маҷмааи давлатии «Душанбе-Плаза» дар доираи ҷаласаи VI Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Лаҳистон бо иштироки васеи соҳибкорони ҳарду ҷониб Бизнес-Форум баргузор гардид. Дар ҷараёни Бизнес-Форум имкониятҳои сармоягузории тарафҳо муаррифӣ гардиданд. Дар интиҳои ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ ҷонибҳо санадҳои дахлдорро ба имзо расониданд.

Июнь 6, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш