ТАВАҶҶУҲ! Дар Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври аввали қабули хонандагон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 15.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 июн дар Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври аввали қабули хонандагон аз синфи як то ёздаҳ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода бо хонандагон ва падару модари онҳо мулоқот намуд.
Ректори донишгоҳ оид ба имконият ва шароити литсей ба хонандагон ва падару модари онҳо маълумот дода, таъкид намуд, ки Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дорои 47 синфхонаи замонавию барҳаво буда, синфхонаҳо бо тамоми аёниятҳои дарсӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Дар Литсей 10 синфхонаи алоҳидаи фаннӣ барои омӯзиши химия, физика, биология, математика ва геометрия ташкил гардида, дар онҳо барои гузаронидани таҷрибаву озмоишҳо имконияти мусоид фароҳам мебошад.
Дар баробари ин, дар Литсей омӯзгорони соҳибтаҷриба ва дорандаи унвонҳои илмидошта ба толибилмон дарс гуфта, ҷиҳати беҳдошти сифати таълиму тарбияи хонандагон, ҳавасманд сохтани толибилмон ба китобхонӣ, роҳнамун сохтани онҳо ба озмунҳои фаннӣ ва ҳунаромӯзӣ, фароҳам овардани шароити муосири таълимӣ пайваста кӯшиш менамоянд.
Бинои нави Литсейи равияи таббиию риёзӣ аз ҷумлаи тадбирҳои вобаста ба татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» маҳсуб ёфта, ба ин васила дар Литсей барои азбаркунии ҳамаҷонибаи илмҳои табиию риёзӣ имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 13 марти соли 2023 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки барои 1280 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст, яке аз иқдомҳои шоистаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди маориф, тарбияи дурусти хонандагон дар руҳияи ватандӯстӣ, азбар кардани нозукиҳои технологияи компютерӣ, соҳибкасб шудан ва омӯзондани забонҳои хориҷӣ мебошад.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон










Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






