Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон рушд медиҳанд
ДУШАНБЕ, 20.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Ёддошти тафоҳуме, ки 8 июни соли равон дар доираи сафари давлатии Амири Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури сарони давлатҳо – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ байни ҳукуматҳо ба имзо расид, ҳамкории дуҷониба дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон рушд меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Ёддошти тафоҳум ба амалигардонии фаъолияти сохтмонӣ ҷиҳати барқарор намудани муносибатҳои дуҷониба ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон байни Тоҷикистон ва Қатар, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ нигаронида шуда, барои омода намудани лоиҳаҳои муштарак, нақшаҳо ва ҷорӣ кардани дастовардҳои илмиву техникӣ дар соҳаи меъморию сохтмон ва инфрасохтор заминаҳои ҳуқуқии муносиб фароҳам меорад», — иброз доштанд дар Кумита.
Бояд тазаккур дод, ки Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон ва инфрасохторро Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар ба имзо расониданд.
Ёдовар мешавем, ки дар маҷмуъ, аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд






