Дар Бадахшон барои ҳифз ва барқарор намудани петроглифҳо тадбирҳои зарурӣ меандешанд

Июль 16, 2023 09:34

ХОРУҒ, 16.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим барои барқарорсозӣ ва нигоҳдории яке аз намудҳои куҳантарини ёдгориҳои таърихӣ, яъне петроглифҳо (навиштаҷоти рӯи сангҳо) бо ҷалби мутахассисони соҳа тадбирҳои амалӣ андешида мешавад. Дар чанд даҳсолаҳои охир баъзе аз сокинони маҳаллӣ ва сайёҳону меҳмонон дар паҳлӯи петроглифҳои қадима ному насаб ва ё маҳалли иқомати худро ҳаккокӣ мекунанд, ки ин боиси коста ва хароб гаштани чунин бозмондаҳои нодири таърихӣ мегардад.

Чанд рӯз пеш масъалаи мазкурро вакилони Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар иҷлоисияи навбатӣ мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор доданд. Гуфта шуд, ки аз ҷониби масъулин барои барқарору ҳифзи нақшу нигори рӯи сангҳо чораҳои иловагӣ андешида хоҳад шуд.

Номзади илмҳои таърих Аловиддин Шоинбеков нақши петроглифҳоро доир ба асрҳои гуногун аз давраи мезолиту скифҳо то охири асрҳои миёнаву ҳозира маълумоти зиёд медиҳад. Петроглифҳо махзани муҳиму беназири ҳаёти гузаштаи на танҳо халқи тоҷик, балки кулли инсоният мебошанд.

Тасвирҳои рӯи санг дар бисёр ноҳияҳои Тоҷикистон ва ба хусус Зарафшону Бадахшон бештар кашфу таҳқиқ шудаанд. Бостоншиносон аксари тасвирҳоро дар ноҳияи Шуғнону Ишкошим, ки ададашон аз шаш ҳазор ҳам бештар аст, мавриди омӯзиш қарор доданд.

Азбаски Бадахшон маконест пур аз ҳайвоноти нодири ваҳшӣ аст, шуғли асосии сокинонаш низ шикор будааст.Аз ин рӯ бештари тасвирҳои рӯи санг низ ба мавзӯи шикор башида шудаст. Шикорчиён аксаран тиру камон дар даст рӯи санг акс ёфтаанд, ки дар паҳлуяшон сурати сагҳо низ ба назар мерасад. Ба ҷуз ин таваҷҷуҳи рассомони он давраи ибтидоиро ҳамчунин қутос, гург, шерпаланг, нахчир ба худ ҷалб намудааст.

Ба фикри бостоншинсон, тасвирҳои рӯи санг як китоби хоси сангӣ аст, ки намунаҳои эҷодиёти бои ва гаронбаҳои рассомони давраҳои хеле қадимро дар шакли аввалааш то замони мо нигоҳ доштааст.

Миқдори петроглифҳои мавзеи Лангари водии Вахони ноҳияи Ишкошим аз ҳазор адад ҳам бештар аст ва аз ҷиҳати шуморааш дар Осиёи Марказӣ дар мақоми дуюм ҷо мегирад.

Мутаассифона, дар солҳои 70 ва 80-уми асри гузашта аз сӯи баъзе афроди ноогоҳ аз таъриху фарҳанг тасвирҳои рӯи сангҳо тахриб ва комилан пок шуданд.

Номзади илмҳои таърих Аловиддин Шоинбеков гуфт, ки «бо кумаки асбобу анҷоми муосири бостоншиносӣ дуюмбора барқарор кардани ин петроглифҳои тахрибшуда ва ё қариб аз байнрафта имконпазир аст».

АКС: Осорхонаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Июль 16, 2023 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд