Дар ноҳияи Фархор тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо бо маром ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 19.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади паст намудани обҳои зеризаминӣ, кам кардани шӯршавии заминҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироат дар ноҳияи Фархор кандани заҳбуру заҳкашҳо бо маром идома дорад. Аз ҷумла, заҳбури КА-14-и деҳаи Муҳоҷирободи ҷамоати Дарқади ноҳия, ки чанд соли охир тоза нагардида буд, бо истифода аз техникаҳои муосир канда ва тоза шуда истодааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раиси ноҳия хабар медиҳад.
Ин заҳкаш дар масофаи 8 километр бояд тоза шавад. Дар айни ҳол корҳо дар ин самт оғоз гардида, аллакай 1 километри он тоза шудааст.
Кишоварзони ноҳияи Фархор, ки дар таъмини бозори истеъмолии вилояти Хатлон ва ҷумҳурӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ нақши муҳим доранд, дар баробари агротехникии кишти зироат инчунин ба беҳдошти ҳолати мелиоративи заминҳои корам низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо дар Ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳия аз масоили ҳалталаб маҳсуб мешавад. Бо ин мақсад бо ташаббуси роҳбарияти ноҳия ҷиҳати бартараф намудани он иқдоми ҷиддӣ пеш гирифта шуда, тамоми заҳбуру заҳкашҳо тоза мегарданд.
АКС: Маркази матбуоти Раиси ноҳияи Фархор








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






